Қонуншиканиҳо – ғавчӯби роҳи рушди ҷомеа

Вазъи ноороми баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, зиёд шудани амалҳои террористиву экстремистӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, оромиву суботи ҷомеро таъмин намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон мусоидат кунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда таъкид карданд, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гушаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».
Ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоту сохторҳои кишварро нигарон намуда, барои мубориза бар зидди ин зуҳуроти зиёновар роҳу усулҳои нав ба навро пайдо карда, амалӣ намуда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани огоҳии мардум, хоса омӯзгорону кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз ин зуҳуроти нангин дар асоси нақша-чорабиниҳо вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Прокуратураи вилояти Хатлон ташкилу гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад кормандони ҳифзи ҳуқуқ зикр намуданд, ки солҳои охир шомилшавии сокинону ҷавонон, хоса зиёиёни кишвар ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), содир намудани қонуншиканиҳои ҷиноятиву маъмурӣ ва ахлоқиву интизомӣ ҷомеаро нигарон намудааст. То имрӯз коршиносони соҳа дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ, китобу мақолаҳои худ яке аз сабабу омилҳои пайвастани сокинонро ба камтаҷрибагиву камсаводӣ нисбат медоданд. Ҳодисаҳои вақтҳои охир нишон дод, ки ҳатто зиёиён қурбонии намояндагони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардида истодаанд, ки ин ҳолат масъулинро боз ҳам бештар ба ташвиш овардааст. Чаро зиёиён ба дасисаву фитнаҳои ифротиён бовар менамоянд ва донишу таҷрибаи худро сарфи корҳои баду зиёновар мекунанд. Дар робита ба ин, ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ ва масъулиятноки кишварро лозим меояд, ки дар сурати мушоҳида намудани рафтору кирдори нафари дорои чунин хислат ҳарчи зудтар ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ бидиҳанд. Мутассифона, солҳои охир бархе аз шаҳрвандони кишвар бетарафиро ихтиёр намуда, аз фаъолияти ғайриқонунии чунин шахсон пешгирӣ намекунанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр шуд, ки падидаи дигари манфии ба рушди ҷомеа зиёновар содир шудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ мебошад. Имрӯзҳо дар зеҳни бархе аз сокинон андешае ҷойгузин шудааст, ки гӯё тамоми муносибату корҳои худро ба воситаи маблағ бартараф менамуда бошанд ва ин ҳолат боиси зиёд шудани амалҳои коррупсионӣ мегардад. Мутассифона, бархе аз шаҳрвандон ба гарм шудани бозори амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд ва боиси ба вуҷуд овардани дигар мушкилиҳо низ мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба ин масъала низ таваҷҷуҳ намуда, зикр карда буданд: «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад». Масъулини соҳа изҳор доштанд, ки бояд омӯзгорону кормандони МДТ «ДДБ ба номи Носири Хусрав» нагузоранд, ки дар фаъолият ва муносибатҳои корӣ даст ба амалҳои коррупсионӣ зананд. Ҳарчанд пайваста аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин самт суҳбату вохӯриҳо гузаронида шаванд ҳам, баъзан содиршавии амалҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд.
Намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон бошад, нигаронӣ аз содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят намуда, таъкид кард, ки бояд омӯзгорону кормандони соҳа ҳамеша бо дасту дили пок ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шаванд.
Аз гузориш ва баррасии масъалаҳои зикршуда метавон хулоса намуд, ки дарвоқеъ имрӯз аз ҳар фарди кишвар тақозо мешавад, ки дар пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳмгузор бошад.

Илҳомҷон Қодирӣ, номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав, Сангимурод Шарифов, номзади илмҳои филологӣ, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав