Варқа Зайниддинов дар меҳмонии маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон»

         Дар таърихи 15-уми феврали соли 2020 маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон»-и назди кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» баргузор гардид, ки дар он корманди Хадамоти матбуотии Прокуратураи вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов иштирок кард.

         Зимни мулоқот меҳмони маҳфил В. Зайниддинов бо донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва журналист-тарҷумон дар бораи фаъолияти корӣ ва эҷодии худ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма маълумот дод.

         Дар ҷараёни суҳбат аъзоёни маҳфил ба В. Зайниддинов саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.   

        

 

                                                                        

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав