Дирӯз, 15- феврал дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохта ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Рӯзноманигорони ҷавон” бо иштироки Варқа Зайниддинов, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ, кор бо матбуот ва муносибатҳои байналмилалӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи медали сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он аъзоёни маҳфил, донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Нахуст, дар маҳфили мазкур Илҳом Қодирӣ, декани факултети филологияи тоҷик, суханронӣ намуданд.
Сипас, Варқа Зайниддинов, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ, кор бо матбуот ва муносибатҳои байналмилалӣ дар суханронии хеш аз фаъолияти корӣ, ҳамкорӣ бо журналистон ва расонаҳои дохилу хориҷии кишварро таҳлилу барраси намуданд.
Инчунин, ба рӯзноманигорони ҷавон тавсия дод, ки дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои хориҷӣ низ фаъолияти худро густурда ба роҳ монанд. Мавсуф махсус қайд намуд, ки арзишҳои миллиро қадр намуда ба он эҳтиром гузоранд.
Дар ин замина, Комрон Расулов, роҳбари маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” оид ба масъалаи қонунҳои ВАО суханрони намуданд. Ҳамчунин зикр карданд, ки агар сатҳи ҳуқуқдонии мо дар сатҳи баланд бошад, дар асоси он амал карда, ҳуқуқҳои худ ва дигаронро эҳтиро ва риоя намоем.
Баъд аз суханронӣ аъзоёни маҳфил Мубораки Қосим, Далер Ибодуллозода, Набиҷони Саидаброр, Умаралӣ Худоёров, Фирдавс Умаров ба Варқаи Зайниддин оид ба масъалаҳои ҳуқуқи саволҳо дода ҷавобҳои мушахас гирифтанд.
Дар охир, роҳбари маҳфил Комрон Расулов ба Варқа Зайниддинов барои қабули даъват ва иштирок дар маҳфил изҳори сипос намуд.

 

                                                                        

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав