Баргузории семинар амалӣ бо иҷрокунандагони Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ»

 

Рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинари амалӣ оид ба идоракунии молиявӣ, харид, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантӣ доир гардид, ки дар кори он Қодирзода Д. – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонов С.С. – ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ», Мирзоев Ҷ. – ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ оид ба «Ташкили харид, омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва ҳисобот дар доираи лоиҳаҳои грантӣ», Абдуллоев Б. – мушовир оид ба идораи молиявӣ дар хусуси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар лоиҳаҳои грантӣ», Исмоилов И.Ш. – ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ оид ба «Машғулияти амалӣ доир ба таҳияи ҳисобот (ибтидоӣ, фосилавӣ ва анҷоми лоиҳа) оид ба татбиқи лоиҳаҳои грантӣ» баромад намуданд. Ҷараёни баргузории семинар ва суханрониҳои масъулин ба воситаи интернет пешниҳод гардид, ки намояндагони муассисаҳои олии касбӣ ва роҳбарони лоиҳаҳо иштирок ва фикру ақидаҳои худро барои беҳтар гардидани он баён доштанд.

Баргузории семинари мазкурро намояндагони Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олии касбӣ» дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ва Донишгоҳи энергетии Тоҷикистон дар толори донишгоҳ тамошо намуданд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз аз тарафи устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Гулов А.С., Тоҳирҷонов Б.Т., Қулмаҳмадова З.У. ва Афзалшоҳи Сафархон лоиҳаи «Татбиқи муносибати салоҳиятнок тавассути истифодаи методу шаклҳои интерактивии таълими донишҷӯён» ва устодони Донишкадаи энергетикии  Тоҷикистон Абдуллоев Б.Т., Шарифова З.Ҷ., Имомзода У.И. ва Халилов Р.Т. лоиҳаи «Дастгирии донишҷӯдухтарони ихтисосҳои техникӣ ва беҳдошти шароити зист дар хобгоҳ» амалӣ гардида истодааст.  

Намояндагони лоиҳаи мазкур дар семинар фикру ақидаҳои худро ба воситаи интернет пешниҳоди иштирокчиёну масъулини намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав