АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

           

Нанговар аст, ки давоми солҳои охир якчанд тан ҷавонони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намуда  истодаанд.  Ангуштшумор ҷавонони тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки бо номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мегарданд. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22-юми декабри соли 2017 зикр намуда буданд, ки:  “Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Қурбонии терроризм ва экстремизм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва мақсади терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он дар ҷомеа кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон  ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона ва бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст. Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

            Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.  Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, аз худ намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа соҳаҳои гуногунро таъмин менамояд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. “Ҷомеаи имрӯзаро бидуни интернет тасаввур кардан мушкил аст, чунки интернет қонеъкунандаи талаботи аввалияи мағзии одамони асри нав гардидааст. Бархе аз коршиносон бари ин назаранд, ки интернет воситаи расонидани иттилоот маҳсуб меёбад”.  Албата  ин дуруст аст, ки ҷомеаи имрӯзаро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст, аммо ҷавонони имрӯзаро  мебояд, ки интернетро ба манфиати хеш истифода намоянд. Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.

Мутаасифона, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, ки оқибат баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд,  ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегардад. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.

Ташкили гурӯҳњои мақсаднок оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо, вохӯриҳо, маҳфилҳо ва мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёдтар ва мақсадноктар  гузаронида шаванд.

                                            

 

 

 

Раҷабализода Самандар-омӯзгори

кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ