ФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ БЕҲТАР МЕГАРДАД

 

Таъриху фарҳанг, забон, расму оин аз унсурҳои муҳими миллату давлат буда, ҳифз ва таҳкиму рушди он вазифаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид таъкид намуданд, ки: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем». Дар ин самт таъсиси марказҳои фарҳангӣ ва осорхона ба мақсад мувофиқ аст. Осорхонаи таъриху кишваршиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» соли 2007 чун осорхонаи назди факултети таърих ва ҳуқуқ бо ташаббуси Тағойзода Саидмурод Қудратулло ва роҳнамоию дастгирии профессор Абдуназаров Хушвахт ташкил карда шуд. Дар соли аввали фаъолият осорхона дорои 56 нигора буд, ки қисми асосии онро профессор Абдуназаров Хушвахт дар кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқ ҷамъ оварда буд.

            Аз соли 2009 инҷониб чун осорхонаи таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолияти худро идома дода истодааст. Қисми зиёди нигораҳои осорхонаро омӯзгорону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ҷамъоварии нигораҳои осорхона хонандагони гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, донишҷӯёну омӯзгорони дигар факултетҳои донишгоҳ ва раёсати муассиса саҳми муносиб доранд.

            Нигораҳои таърихии осорхона вобаста ба мансубияти соҳавӣ ба гушаҳои зерин ҷудо карда шудааст: Гушаи дирӯз ва имрӯзи донишгоҳ, гушаи кулолгарӣ, гушаи оҳангарӣ, гушаи мардумшиносӣ, гушаи илм ва техника ва гушаи пулу тангаҳо.

Инчунин дар осорхона вобаста ба ҳадафу маром ва ҷашнҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гушаҳои муваққатӣ вобаста ба эълони солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни «5500 солагии Саразми бостонӣ» ташкил шудааст.

Осорхонаи мазкур бо осорхонаҳои шаҳрию вилоятии шаҳри Бохтар, як қатор осорхонаҳои ноҳиявии вилояти Хатлон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои доимиро ба роҳ мондааст.

Мудири осорхона Тағойзода С.Қ. то имрӯз зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва оммавӣ вобаста ба таъриху кори осорхонадории Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар маҷаллаю рӯзномаҳо ба чоп расонда, дар конфронсу ҷамъомадҳои илмӣ-назариявии донишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо оид ба кори осорхонадорӣ баромад кардааст.    

Айни ҳол, осорхона зиёда аз 370 нигора дорад. Осорхонаи таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар ҷамъоварӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳанги моддию маънавии кишвар саҳми арзандаи хешро дорад.

 

 

                                         

Мудири осорхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав Тағойзода

Саидмурод Қудратулло, Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав