Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: “Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем”, аз ин рӯ моро зарур аст, ки оид ба шаҳри қадимаи Саразм маълумоти мушаххас дошта бошем.

То миёни солҳои 70-уми қарни бистум марзи Вароруд, маданиятҳои кадими кишоварзии он пурра мавриди тадқиқ карор нагирифта буд. Ковишҳои бостоние, ки дар ин сарзамин асосан солҳои 40-уми қарни гузашта муташаккилона оғоз меёбанд, бештар ёдгориҳои аҳди антиқа ва ибтидои асрҳои миёнаро муайян намудаанд. Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз соҳилҳои баҳри Аралу Қазоқистони ҷануби сар карда, то байни дарёҳои Омуву Сир ва Кӯҳистони Бадахшон бештар бошишгоҳҳои зиёди сайёдҳо, ҷамъоварандагони гиёҳу мева ва чорвопарварону кишоварзони саҳронишини кучии аҳдҳои мису санг ва давраҳои минбаъда кашф карда шуда буданду халос. Маданиятҳои аҳди қадими кишоварзи танҳо дар ҳудудҳои Ҷанубу Ғарбии Осиёи Маркази (Туркманистони имрӯза) ва дар  Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон пайдо ва пажӯҳиш карда шуда буданд. Таърихнигорон, махсусан, устод Б. Ғафуров ҳангоми навиштани бахши маданияти аҳдҳои мису санг ва биринҷии шоҳасари хеш «Тоҷикон» бештар аз маводҳои бостонии ин мавзеъҳо истифода намудаанд.

            Ҳатто дар байни гурӯҳе аз бостоншиносону ховаршиносони ҷаҳон гумоне роиҷ буд, ки гуйё дараҳои «тангу торик»-и кӯҳистон аз офариниши нахусттамаддунҳои башарӣ дар канор буданд. Хушбахтона, пайдо кардани нуқтаи нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар болооби Зарафшон (тирамоҳи соли 1976 аз тарафи шодравон доктор Абдуллоҷон Исҳоқӣ) кушоиши наве буд дар илми бостоншиносиву ховаршиносии ҷаҳон.

            Ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Сарарзм, 15 км ғарбтар аз Панҷакент ҷойгир буда, соли 1976 аз тарафи истиқоматкунандаи ҷамоати Саразм Ашуралӣ Тайлонов пайдо карда шудааст. Аз соли 1976 зери роҳбарии нахустмуҳаққиқи он А. Исҳоқӣ ва соли 1997 таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих, Абдурауф Раззоқов дар ёдгории Саразм корҳои татқиқотӣ – илмӣ бурда мешаванд.

            Зимни ҳафриёт ва татқиқоти бостонӣ устод А. Исҳоқӣ муайян карда буд, ки ёдгории Саразм аз чаҳор қабати мадани иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз мелод (яъне 5500 сол муқадам) рост меояд. Ҳаёти мадани дар ин мавзеъ қариб 1000 сол  иқомат дошта, оҳири ҳазораи III пеш аз мелод бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул мениҳад.

Сабаби пасу пеш куч бастани саразмиён, аввалан ба вазъи экологӣ – кам шудани оби доманакӯҳҳои Зарафшон, ки ба кишти васеи зироатҳо вобаста буд, мусоидат кард. Дуввум зиёдшавии шумораи аҳолӣ, бо сабаби аз худ намудани заминҳои нав барои рушди минбаъдаи шуғли кишоварзӣ лозим буд, шароти мусоид фароҳам оварда натавонист. Саввумин он аст, ки охири ҳазораи се ва ибтидои ҳазораи ду ҷараёни кучиши қабилаҳои саҳронишини чорводор аз самти шимол ба водиҳои Мовароуннаҳр аз он ҷумла, ба водии Зарафшон авҷ мегиранд.

            Оид ба пайдоиши ин маданият аз сабаби пурра омӯхта нашудани ёдгориҳои аҳди неолити (мису санг) саргаҳи Зарафшон алҳол маълумоти мукаммале дар даст надорем. Вале қиёси материалҳои моддӣ нишон медиҳанд, ки заминаҳои пайдоиши маданияти Саразм як дараҷа наздик ба ёдгории Сазаган (воқеъ дар вилояти Самарқанд) ва бозёфтҳои ҷудогонаи саргаҳи Зарафшонро дорост.                                          

Инчунин, дар Саразм якчанд ибодатхонаҳое буданд, ки оид ба ақоиди мазҳабии сокинони саразмиёни бостон каму беш маълумот медиҳанд. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташкадаҳои чоркунҷа ва доирашакл сохта шуда, дар марказашон умқи начандон чуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Деворҳои атрофи оташкадаҳо аз 12 ба 36 маротиба ба қадри 0, 5 – 01 мм. ҳело нозукона пардоз дода шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саразмиён пеш аз гузаронидани маросими мазҳабии хеш ибодатгоҳҳои худро тармим намуда, онро озодаву пероста нигоҳ медоштанд. Аз ин рӯ, ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз биноҳои мазҳабӣ (ибодатгоҳҳо)  бозёфтҳои бостони хело кам дастрас мегарданд. Баъзан қисми поёнии деворҳои онҳо дар баландии 50-70 см. бо ранги кабуд ва сурхи аҳмари пардоз дода шудаанд. Шояд ранги кабуд – фазои беканор ва ранги сурхи аҳмари тимсоли хуршедро ифода намоянд. Одатан фазо яъне осмони сабзу кабуди беғубор ва хуршеди гармобахши баҳорон ба кишоварзони аҳди бостон имкон ба даст медод, ки ба киштукори баҳорӣ бо шодию сур оғоз бахшанд. Агарчанде оини меҳрпарастӣ, дини зардуштия ва ҷашни Наврӯз дар ҳазорсолаҳои баъдина ба расмият даромада бошад ҳам, нумуъи онро бояд аз  саразми бостон ҷӯст.

            Ҳамин тавр, саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рӯшди маданияти маънавӣ низ саҳмгузорӣ кардаанд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV қабл аз мелод дар биноҳои мазҳабиву маъмурии саразмиён бузургдошти оташ (ҳамчун тимсоли  нури яздони пок-хуршед)-ро мебинем, ки баъдан ба пайдоиши оинҳои меҳрпарастӣ ва дини зардуштия овада расониданд.

Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А. Исҳоқӣ масоҳати ёдгориро то 90 гектар муайян намуда, шумораи аҳолии онро то 8000 муайян намудааст. Бузургии масоҳати ёдгорӣ ва шумораву зичии ҷойгиршавии аҳолии Саразм (маҳаллаҳои аҳолинишин дар самти Ҷанубу Ғарбӣ) ва марказӣ биноҳои маъмурӣ, мазҳабӣ ва растаҳои ҳунармандӣ дар самти Ҷанубу Шарқии ёдгорӣ, худ яке аз хусусиятҳои аввалиншаҳрҳои Шарқи Миёна мебошад. Муаррихони зиёди ватаниву хориҷӣ, ба мисоли Р. Макс., Г. Чайлд., В.В. Бартолд., В.И. Гуляев.,  П.Е. Шмидт., Л. Карловский., В.М. Массон., В.И. Сарианиди., Б.А. Литвинский., Н.Н. Неъматов.,  Е.В. Ретвеладзе., Ю.А. Затденепровский., О. Болшаков., А. Аскаров.,  Т. Ширинов ва дигарон дар бахши проблемаи урбанизатсия (пайдоиши шаҳрҳо ва баланд шудани шаҳрҳо дар пешрафти ҷамъият) изҳори ақида намудаанд. Дар байни гурӯҳе аз онҳо ақидае ҳукмфармо буд, ки гӯё аввалин шаҳрҳо ба маънои томаш дар Осиёи Марказӣ дар аҳди антиқа пайдо гаштаанд. Татқиқотҳои навини илми бостоншиносӣ бошад бо далелу рақамҳои фаровон исбот намуданд, ки заминаи пайдоиши нахустшаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбанд. Зуҳуроти маданияти шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинӣ дар Шарқи Миёна пасу пеш ва бо хусусияти ба худ хос омадааст. Нахустшаҳрҳо ё худ деҳшаҳрҳо ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон дар ҳазораи III ва II дар Чин ҳазораи I дар Мезоамерика ва дар ҳазораи II мелодӣ дар Аврупои Шарқӣ пайдо гардидаанд. Дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна бошад аввалин деҳшаҳрҳо охири ҳазораи IV-и пеш аз мелод дар мисоли ёдгориҳои Намозгоҳтеппаю Олтинтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундигаки Афғонистон, Яҳётеппаву Шаҳри Суҳта, Уруку Суз, Теппаи Ҳисору Туренгтеппаи Эрон, Механчодори Харапии Ҳиндустон, Меҳргару Навшаҳру Пираки Балуҷистон ва ғайраҳо ба вуҷуд омада будаанд. Саразми Панҷакент бошад, ҳамвору ҳамзамон ёдгориҳои дар боло зикр шуда буда, ҳамзамон бо аксари онҳо алоқаҳои хуби тиҷоративу фарҳангӣ доштааст. Маводу далелҳои зиёди бостоншиносии аз Саразм дастрас гардида ва қиёси онҳо бо ёдгориҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ инчунин дар истифода аз методҳои ҷадиди замонавӣ (истифодабарии тадқиқоти геофизикӣ, ташхисҳои лабараторӣ) дар ёдгории Саразм якчанд аломатҳои пайдоиши аввалин шаҳрҳо: биноҳои монументалии маъмуриву мазҳабӣ, кучаҳои сангфарш карда шуд, нобаробарии молу мулки ва ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеа, инкишофи баланди савдову тиҷорат то ҳудуди 1500 км, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат (кишоварзӣ, чорводории куҳи ва хонагӣ, кулолгарӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, маъданҷуиву маъдангудозӣ, заршуиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чуб, сангтарошӣ ва ғайраҳо), ки хосиятҳои хоси  маданияти шаҳрдори ва шаҳрсозии осиёги мебошанд мушоҳида карда мешаванд.            Ба пешрафти савдову тиҷорати байни шаҳрвандони аҳди қадимаи кишоварзӣ, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз ҳама нишонаҳои зерин мусоидат намуданд: тахассуси байниҷомеавӣ, яъне ҷудошавӣ ҳунармандӣ аз кишоварзӣ дар шакли мутамарказ гардонидашуда, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот (зиёдшавии намудҳо ва шаклҳои олотҳои мисию биринҷӣ), пешрафти чорводории хонагӣ ва паст гардидани роли шикор дар ҳаёти ҷомеа, ҷамъоварии маҳсулоти иловагӣ, кушишҳо барои ғун кардани бойгарӣ (зебу зиннат ва ҷавоҳирот аз сангҳову маъданҳои қимматбаҳо), маҳсулоти ороишиву хоҷагидорӣ, бозёфтҳои модии воридотӣ аз ёдгориҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ, мутамарказгардонии соҳаҳои ҳунармандӣ, васеъ истифодабарии сарватҳои табиӣ ва ғайраҳо.

            Ҷолиби кайд аст, ки аз Саразм миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотӣ, ба мисоли лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроқум, фирузаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистону Саистон, Афғонистону соҳилҳои баҳри Хазар ва ғайраҳо бо сабаби савдову тиҷроат ва алоқаҳои фарҳангӣ ба Саразм ворид гаштанд.                Баъди ҳазорсолаҳо чун суғдзамин ба яке аз марказҳои «роҳи абрешим» табдил меёбад, ва нумуъи онро ҳазорсолаҳо қабл бо тавассути “роҳи лоҷувард ва қалъагӣ” аз Саразми Панҷакент бояд ҷӯст. Дар аҳди биринҷӣ, – менависад яке аз таҳқиқгарони варзидаи ҳамин соҳа В.И. Сарианиди, – ёдгориҳои аҳди қадимаи кишоварзии Эрони бостон-  Шаҳри Сухта аз болои содирот ва воридотӣ лоҷувард ва Тали Иблис бошад ба истеҳсолот ва воридоту содироти маҳсулоти маъданиро дар даст доштанд.                                                  

Саразмиёни бостон бошад дар Шимолу Шарқи Осиёи Марказӣ ҳамчун паҳнкунандагони лоҷуварди Бадахшону маҳсулоти маъдани Зарафшон (тиллову нуқра, мису қурғошим ва қалъагӣ)-ро ба ёдгориҳои самти Ҷанубу Шарқи Миёна ба зиммаи хеш доштанд. Дар натиҷаи муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии лоҷуварди Бадахшону маъдану зари Зарафшон ба Афғонистону Саистону Балуҷистон ворид мегаштанд.  Дар ин маврид ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезишёбӣ ва такомули чандин маданиятҳои ақвоми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад. Маҳз бузургии мавқеву мақоми ёдгории Саразми Панҷакент дар байни ёдгориҳои аҳди қадимаи кишоварзии Авруосиё дар ҳамин мебошад.

            Ниҳоят омӯзиши ёдгории Саразмро дар илми бостоншиносии ҷаҳон мутахассисони хориҷи зуд дарк намуда, хоҳиши дар ин мавзеъ тадқиқоти илми гузаронидан намуданд.  Соли 1984  аввалин экспедицияи байналхалқӣ (Тоҷикистону Фаронса) дар ҳудуди собиқ Ҷамоҳири Шӯравӣ ташкил ёфт. Инчунин дар татқиқоти бостонии ин ёдгори  бостоншиносону ховаршиносони варзидаи Донишгоҳи Харварди Амрико, Италия, Россияву Узбекистон ширкат варзидаанд.

            Оид ба мақому мавқеи ёдгории Саразм бостоншиносону таърихнигорони тоҷик дар бисёр анҷуманҳои байналхалқиву шуроҳои илмӣ, ки солҳои гуногун дар Амрикову Фаронса, Олмон, Италия, Республикаи Малӣ, Эрону Чин, Санкт-Петербургу Москва, Алма-Атову Ашқобод, Самарқанду Душанбе баргузор гардидаанд, бо маърӯзаҳои калони илмӣ баромад намудаанд. 

Аз 31-уми август то 5-уми сентябри соли 1994 дар шаҳри Панҷакент анҷумани байналхалқӣ бо иштироки олимони соҳаи таърихнигорӣ аз Тоҷикистон, Фаронса, Россия, Узбекистон, Қирғизистон дар мавзӯъи «Водии Зарафшон ва мавқеи он дар таммадуни Шарқи қадим» баргузор гардид. Иштирокчиёни анҷумани байналхалқӣ бахши мавқеву мақоми маданияти моддиву маънавии саразмиёни бостон маърӯзаҳои илмӣ намуда, исбот карданд, ки дар ҳақиқат 5500 сол муқаддам сокинони саргаҳи Зарафшон-саразмиёни бостон яке аз авалинҳо шуда, ба пайдоиш ва рушди маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ асос гузоштаанд. Ҳуҷҷатҳои расмии ёдгории деҳшаҳри Саразм ба сесияи 34-уми ЮНЕСКО, ки моҳи июли соли 2010 дар шаҳри Бразилия баргузор гардида буд, барои баррасӣ намудан ба коргузории (экспертҳои) Марказӣ мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуда буд. Хушбахтона, ҳуҷҷатҳои  ҳаматарафа аз ҷиҳати илмӣ асоснокгардидаи ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм  ҷавобгӯи талаботҳои ин Маркази бонуфузи фарҳанги умумибашари гардид, ки дар қатори 36 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳон, ёдгории Саразми Тоҷикистон низ ба феҳрести Марказӣ мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО номнавис гардонида шуд.

        

 

Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳо

  1. Абдувалӣ Қушматов, Нозим Ҳакимов Таърихи халқи тоҷик (таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна, охирҳои асри миёна…) (дастури таълимию методӣ) китоби якум. – Душанбе. – 2010.
  2. Массон В.М., Поселение Джайтун. Проблема становления производяшей экономики. // МИА, 180.М., 1971.
  3. Массон В.М. Первые цивилизации. М., 1989. – с.143.
  4. Массон В.М., Сарианиди В.И. Среднеазиатская терракота эпохи бронзы. М., 1973. – с.38-40;.
  5. Сарианиди В.И. Древнебактерийский пантеон // Информационный бюллетень ЮНЕСКО, вып.10. рис.51.
  6. А. Аскаров., Ю. Ф. Буряков и др. Теоретические и методические проблемы исследования в археологии. Ташкент, 1988. – с. 17-35.
  7. Муин М. Маздаясно ва таъсири он дар адабиёти порсӣ. Теҳрон, 1326. – с. 193-198.
  8. Сарианиди В. И. Древние земледельцы Афганистана М., 1977. – с. 23-27.

 

 

Саидмуминов А.С., Қаландаров С.А., Абдуллоев Ҷ.Ф. – омӯзгорони

кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, Нафасов А.А. – магистри

курси якуми факултети таърих ва ҳуқуқ