Тағоймуродов Рустам Ҳакимович (Рустами Хомарахш)

 

Мухтасари шарҳи ҳол

Тағоймуродов Рустам Ҳакимович 16-уми июни соли 1962 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Балҷувон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1979 мактаби миёнаи рақами 13-и ноҳияи Восеъро хатм намуда, ба Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Кўлоб дохил шуда, онро соли 1982 бомуваффақият хатм менамояд. Пас аз хатми омўзишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супурда, соли 1983 донишҷўи курси аввали факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур мегардад.

Соли 1984, баъди хатми курси якум, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ даъват шуда, пас аз адои хизмат соли 1986 таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1990 факултети филологияи тоҷики ДМТ-ро пурра хатм менамояд. Ҳамон сол бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (айни замон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Вахш ба кор сафарбар мешавад. Солҳои 1990 то 1993 дар мактабҳои миёнаи рақами 1, 56 ва 44 ноҳияи Вахш ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 1993 то моҳи июни соли 2005 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав») ба ҳайси омўзгор, саромўзгор фаъолият намудааст. Аз соли 2000-ум ҳамзамон вазифаи ҷонишинии сармуҳаррири рўзномаи умумидонишгоҳии «Фурўғ»-ро ба уҳда дошт.

Аз моҳи августи соли 2005 то моҳи июли соли 2006 мудири кафедраи рўзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав буд. Аз моҳи июли соли 2006 то моҳи ноябри соли 2007 дар вазифаи декани факултети филология, ҳамзамон дар вазифаи муҳаррири масъули маҷаллаи илмии «Фурўғи илм» адои вазифа намудааст. Моҳи августи соли 2006 дар мавзўи «Вазни ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» рисолаи илмии номзадӣ дифоъ карда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология ноил гардидааст.  Соли 2010 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва рўзноманигорӣ интихоб шуд. Аз моҳи ноябри соли 2007 то соли 2014 дар вазифаи сардори Маркази илмию татқиқотии донишгоҳ фаъолият бурдааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва ҳамзамон муҳаррири бахши тоҷикии маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав» (ҳоло «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав») ифои вазифа дорад.

Моҳи апрели соли 2015 рисолаи доктории хешро дар мавзўи «Масъалаҳои афкори адабӣ-назарӣ ва сохтори ҳунарии ашъори ғиноии Амир Хусрави Деҳлавӣ» бомуваффақият дифоъ намуд.

Аз моҳи августи соли 2016 то моҳи июли соли 2017 дар вазифаи мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2017 то кунун ба ҳайси профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва ҳамзамон дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» фаъолият дорад.

Барои меҳнати бенуқсон ва шоён дар тарбияи ҷавонон бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои иштироки фаъолона дар корҳои фарҳангӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои таълифи мақолаҳои муҳими рўзмарра ва проблемавӣ дар рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуривию вилоятӣ бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст. Узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Иттифоқ журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

            Масуф дар баробари фаъолияти илмиву омўзгорӣ дар ҷодаи адабиёт, ба хусус шеъру шоирӣ қадамҳои устувор гузоштааст. То кунун чакидаи хомаи ў, дар се маҷмўа бо номҳои «Баҳори хаёл», «Нигоҳи ноларез» ва «Шикаси ойина» ба табъ расидаанд. Барои ошноӣ бо завқу табъи ин шоири рангинхаёл чанд намуна аз ашъори ўро, ба ҳайси баҳория пешниҳод менамоем.

 ГУЛРЕЗ

(Рустами Хомарахш)

Мерасад Наврўзмоҳ андар лабаш изҳор гул,

Лафз гул, савту садо гул, лаб гулу гуфтор гул.

Гулбасар, гулдаргиребон, гулҷамолу гулқадам,

Фаҳм гул, эҳсос гул, андеша гул, пиндор гул.

Менависад рози гул дар сафҳаи боди сабо,

Хома гул, рашҳи қалам гул, сафҳа гул, ашъор гул.

Ҳусни нозашро ба ҷуз ҳайрат дигар ойина нест,

Ҳусн гул, нозу адо гул, ишва гул, рафтор гул.

Дашту саҳро аз хиромаш ғарқ гардад дар чаман,

Кўча гул, пайроҳа гул, ҳам дашту ҳам куҳсор гул.

Ҳар куҷо наззора созад, оламе маҳви гул аст,

Дида гул, наззора гул, дидан гулу дидор гул.

Сабз мегардад зи файзи мақдамаш дашту даман,

Сабза гул, себарга гул, андар кафи ҳар хор гул.

Дар хаёли мо арўси солро хуш суратест,

Чеҳра гул, чоҳи зақан гул, ғабғабу рухсор гул.

Булбулони хушнаво дар маърази тўфони гул,

Болу пар гул, шеъри тар гул, нола гул, минқор гул.

Ҳар тараф ҷамъияти гултинатон гулдастасон,

Рангу бў гул, орзу гул, гуфтугў гул, ёр гул.

Розҳо аз синаҳо чун бўи гул пар мезанад,

Роз гул, парвоз гул, асрор гул, иқрор гул.

Духтарон аз баҳри ғорат кардани дил ҳар тараф,

Ханда гул, хат гул, сухан гул, лаъли шаккарбор гул.

Ошиқонро синаҳо аз нав муҳаббатхона шуд,

Ишқ гул, маъшуқ гул, дилдода гул, дилдор гул.

Дар вуҷуди мо назокат рехт бунёди тараб,

Ноз гул, парвоз гул, меъмор гул, девор гул.

Бо хаёли ҷоми ҳамчун лолаҳо сурхи лабаш,

Нашъа гул, майхона гул, махмур гул, хаммор гул.

Инчунин мастӣ надида дидаи ҳафт осмон,

Бода гул, майхора гул, сад соғари саршор гул.

Раъду барқу чак-чаки борон тарабобистан аст,

Нағма гул, созу наво гул, лаҳни мусиқор гул.

Аз тамошои арўси нозанини навбаҳор,

Чашм гул, ойина гул, ҳар шохаи ашҷор гул.

Дар қиёси навбаҳор «Аржанг»-и Монӣ сояест,

Нусха гул, тасвир гул, сад гуна рангубор гул.

Шаш ҷиҳат тақлиди Наврўзи чаманкирдор кард,

Об гул, хоку ҳаво гул, оташи анвор гул.

Нуҳ фалак ойинадори ҷуръати ҷавлони ўст,

Фатҳ гул, тасхир гул, нусрат гулу ансор гул.

Ҳарфсабз, андешасабз, эҳсоссабзу хомасабз,

Кист ғайри Хомарахш ин дам ҳама осор гул?

 

НАВРЎЗИ МУБОРАКҚАДАМ

(Рустами Хомарахш)

Наврўзи чамантабъи муборакқадам омад,

Эй хушнигаҳон, раҳзани орому рам омад.

Хамёзаи чашмаш ба дили боғ шуал зад,

Андар кафи ҳар шох дусад ҷоми Ҷам омад.

Чун чоки гиребони саҳар ханда саропо,

Гул бар лабу гул дар тану гул дар қадам омад.

Ҳарфи лаби гул дар варақи бод навишта,

Эҷозбаён шоири накҳатрақам омад.

З-ин партави пурнури назокат, ки заминрост,

Дар ҷабҳаи хуршеду маҳ аз шарм нам омад.

Бар лавҳи само қавси қузаҳ рамзи суҷуд аст,

Афлок ба таъзими замин пуштхам омад.

Табъам чу шуд ойинаи таҳқиқи баҳорон,

Гулдастаи андеша маро дар қалам омад.

  

ҲУСНИ НАЗОКАТБОР

(Рустами Хомарахш)

Баски аз бемеҳрии гетӣ хабар дорад баҳор,

Бо ҳама улфатмизоҷӣ, чашми тар дорад баҳор.

Тоби дилтангӣ надорад фитрати моҳи ҳамал,

Хандамақрун аст, танҳо ин самар дорад баҳор.

Табъи ҳар як ғунчаи гул аз чаман обистан аст,

Шоири даҳр аст, бар лаб шеъри тар дорад баҳор.

Муждаи гул пештози субҳ бар мо мерасад,

Инчунин пайку башорат ҳар саҳар дорад баҳор.

Сайри дунё кардан аз боди сабо омўхтаст,

Дар қудуми рангу бўи гул сафар дорад баҳор.

Дида бикшодам, валекин бастанам дар ёд нест,

Ҳусни мағрури таҳайюрборвар дорад баҳор.

Мешукуфад гулшани андеша дар қасри димоғ,

Дар дили ҳар зарра, оре, шўру шар дорад баҳор.

Гармии ҳангомаи гул баски шабнамфурсат аст,

Фурсату сабру тааммул ин қадар дорад баҳор.

Зиндагиро бо табассум мекунад сарфи сафар,

Азми мустаъҷилу умри мухтасар дорад баҳор.

Бо ду олам ҷилваи ҳусни назокатбори худ,

Аз дилу аз дидаи дунё гузар дорад баҳор.

 

Омодасоз, сардори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии

ДДБ ба номи Носири Хусрав Шарифов Сангимурод