Инъикоси фаъолияти занони сарвар дар маҷаллаҳои “Фирӯза” ва “Бонувони Тоҷикистон”

 

Фаъолият ва нақши муассири бонувони тоҷик дар умури идоракунии давлатӣ, рушди ҷомеа бидуни шароити зист ва таъмини шароити иҷтимоӣ дар замони соҳибистиқлолии  кишвар собит менамояд, ки  сиёсати давлат  дар самти баланд бардоштани  мақому мартабаи зан дар ҷомеа  натиҷаҳои судманд медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ширкати  занони кордон дар пешбурди  соҳањои илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт хуб   мушоҳида мешавад. Ҳамаи ин омилҳоро ба назар гирифта, васоити ахбори оммаи кишвар талош менамоянд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳову инъикоси фаъолияти босамари онҳо дар қатори мардон маводи зиёдеро  омода ва нашр намоянд. Аз  ҷумла, бозтоби масъалаи сарварии занон  дар матбуоти кишвар васеъ таљассуму баррасӣ мегардад. Мо саҳми маҷаллаҳои “Фирӯза” ва “Бонувони Тоҷикистон”-ро дар инъикоси фаъолияти занони сарвар мавриди омўзиш қарор додем. Пеш аз баррасии мавзӯъ лозим донистем, ки аввал оид ба мафҳуми сарварӣ ва хусусияти он ибрози назар кунем.

Сарварӣ ба қатори масъалаҳои баҳсноки илмие дохил мешавад, ки тӯли солҳои дароз дар доираҳои гуногун мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтааст. Маҷмӯи масъалаҳои умумие, ки дар раванди омӯзиш он таҳқиқ мешавад, хеле доманадор буда, метавонад дар муайян намудани паҳлуҳои гуногуни он саҳми босазо дошта бошад. Аз ин нуқтаи назар, сарвариро дар  соҳаҳои гуногуни илм меомӯзанд. Сарварии занон ҳамчун масъалаи сиёсию иҷтимоӣ ва равонию фарҳангӣ хеле  фарох  буда, перомуни он дар байни мутафаккирону олимони замонҳои гуногун  фикру ақидаҳо гуногунанд. Нақши сарварии занон ва саҳми созандаи онҳоро дар рушду пешрафти ҷомеа зарурӣ ҳисобида, баҳри тақвияти минбаъдаи ин раванд  таклифу пешниҳодҳои судманд  пешниҳод мекунанд.

Эътирофи  сарварии занон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию сиёсӣ  қадами  ҳалкунанда дар ҳалли масъалаҳои баррасишаванда маҳсуб меёбад. “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи эътирофи сарварии занон натиҷаи талошҳои  онҳо баҳри боло бурдани мақом ва мартабаи худ дар ҷомеа буда, рушди зина ба зинаи ҷомеа зарурати тақвияти мавқеи занонро тасдиқ намуд.  Дар ин раванд лозим ба ёдоварист, ки сарварии занон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию сиёсӣ дорои хусусияти хоси худ буда, тақвияти минбаъдаи  муайян намудани як қатор хусусиятҳо аз ҷумлаи ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва равониро тақозо менамояд” [2, 11], – қайд кардааст олими  соҳаи сиёсатшиносӣ Махфират Хидирзода.

Маълум аст, ки хусусияти иҷтимоию фарҳангӣ ва тамаддунҳои гуногун вабаста ба мавзӯи мазкур муносибати якхела надоранд, ё дар аксар мавридҳо баҳри ба таври анъанавӣ  амалӣ гаштани сарварии занон монеа эҷод мекунанд , вале рушди рӯзмарраи кишварҳо дар асри ХХ худ зарурати таҷдиди  назар намудани муносибатҳоро дар ин самт тақозо менамуд. Ин буд, ки занон натанҳо ҳамчун қисми зиёди нуфузи аҳолӣ, балки қувваи таъсиррасону таъсиргузор ба равандҳо мавқеи худро  устувор намуда, барои аз байн бурдани стратегияҳои шахшуда  муборизаҳо мебаранд. Ҳамин масъалаҳои сарварии занон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа дар маҷаллаҳои бонуфузи кишвар “Фирӯза” ва “Бонувони Тоҷикистон” баррасӣ гардидаанд, ки мо дар таҳқиқи  хеш якчанд шумораҳои  онҳоро мавриди омўзишу таҳлил қарор додем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро  дар меҳвари сиёсати давлатии худ  қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Назарияҳои мавҷудаи сиёсӣ ба сифати сарвар шахсеро эътироф менамояд, ки дорои хусусият ва қобилияту  маҳорати  махсуси идоракунии рафтор ва фаъолияти одамон аст. Муҳаққиқ Блондель Ж. чунин қайд кардааст, ки: “Дар ҳайати ҳар як миллат сарварони асосие ҳастанд, ки қодиранд  ба атрофиён ҳамаҷониба таъсиргузор бошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сарвар гуфта, шахси алоҳидаеро мефаҳманд, ки қобилияти фардии таъсиррасонӣ ба одамонро дошта, қодир аст онҳоро барои ба даст овардани мақсадҳои муайян раҳнамоӣ кунад” [2, 13].

Маҷаллаи “Фирӯза”  дар бораи занони сарвар мақолаҳои зиёде ба табъ расонидааст. Аз он ҷумла, бо номи  “Дастовардҳои бонувони Тоҷикистон” мақолае аз ҷониби Зулфия Атоӣ омода гардидааст, ки   дар бораи кору фаъолияти яке аз занони сарвари кишвар Озодаи Раҳмон маълумот медиҳад.

Ҷанбаи муҳиме, ки муаллиф дар бораи қаҳрамони маводи хеш зикр менамояд, ин саҳми Озода Раҳмон дар беҳдошти ҳаёти сокинони ниёзманди кишвар, аз ҷумла, кӯдакону наврасон мебошад. Чунончї дар мавод оварда шудааст: “Озода Раҳмон дар баробари дигар ҷанбаҳои фаъолияти созандаи хеш дар ҷомеа, инчунин сарвари созмони хайриявии “Лона” аст, ки ҳадафаш кӯмаки беғаразона ба беморони саратон, хоса наврасони ба ин маризӣ гирифтор ва маркази кӯдаконаи сӯхтагон ба шумор меравад. Ӯ дар ин самт корҳои некеро ба сомон расонидааст.

Бинобар ин, маҷаллаи бонувон “ Фирӯза”  хонум Озода Раҳмон Эмомалӣ-узви ҳайати мушовараи нашрияро бо сабаби шарафёб шуданаш ба ин вазифаи басо пурмасъулият-муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ӯ баҳри рушди дипломатияи тоҷик ва афзудани обрӯи байналхалқии кишвар комёбиҳо хоҳон аст” [4, 9].

Дар шумораи дигари маҷалла мақолае бо номи “Сарвар” нашр шудааст, ки муаллифи он  Тилав Расулзода мебошад. Мақола дар бораи яке аз занони сарвар Мукаррама Бузурукова маълумот медиҳад. Муаллиф сараввал ишора ба зиндагии хонаводагии қаҳрамон менамояд, ки ӯ худ  дар оилаи нафаре ба воя расидааст, ки солиёни зиёд дар ҷомеа масъулияти сарвариро ба ўҳда доштанд. Чунончї ӯ мегӯяд  “Фишурдаи зиндагиномаи Бузурукова худ баёнгари як ҷаҳон маънист.  Вай чун фарзанди барӯманди модари шуҳратмандаш  Тоҷинисо Осимова, ки тайи 14 сол муовини Раиси вилояти Суғд буд ва падараш Бузрукхоҷа Мадаминов, ки умрашро сарфи корҳои сарварӣ кардааст, тавонист, зиндагии хешро сарфи хидмати мардум созад ва бо номи некаш миёни тоҷикистониён маъруф  ва шинохта гардад.

Мукаррама Бузурукова тайи 14 сол мудири мактаб буд. Солҳое сарвар буд, ки кишвар дар вазъи ноороми сиёсиву иқтисодӣ қарор дошт. Вай хуб медонист, ки таълиму тадрис замоне натиҷаи хуб медиҳад, ки агар муаллим аз ҳар нигоҳ таъмин бошад. Бинобар ин ӯ доимо талош мекард, ки баҳри таъмини зиндагии хуби омӯзгорон кӯмак намояд” [3, 14]. Ғайр аз ин саҳми ӯ дар пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сокинони кишвар чун як зани сарвар назаррас аст, ки муаллиф онро дар мақолаи хеш инъикос намудааст.

Кормандони нашрияи “Фирӯза” кӯшиш менамоняд, ки дар маводҳои омоданамудаи хеш дар баробари нишон додани саҳми занони сарвари кишвар инчунин руҷуи таърихӣ ба фаъолияти ин қишри заҳматкашу соҳандаи ҷомеа намоянд. Чунончи дар баъзе шумораҳои он оид ба заноне, ки дар солҳои ҳукумати Шӯравӣ ва қабл аз Истиқлолият низ чун занони сарвар фаъолияти созанда намудаанд, маводҳо ба чашм мерасанд, ки ҷолиби диққатанд. Ин маводҳо аз як ҷониб моро ба саҳфае аз таърихи гузашта ошно намоянд, аз ҷониби дигар  дар парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии хонанда саҳм мегузоранд. Масалан, дар шумораи моҳи июли 2018, саҳифаи 40, 41-и маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”  мақолае бо номи “Бӣ Мастура, ё ҳарчанд медонем, ки намедонем” нашр гардидааст, ки дар бораи яке аз фаъолзанони собиқ Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон Авезова Мастура маълумот медиҳад. Муаллифи мавод Умари Шерхон мебошад. Дар мақола дар бораи хизматҳои ҷамъиятӣ ва бо орденҳои фахрӣ мукофотонида шудани қаҳрамон сухан меравад. “Ӯ арбоби сиёсии шӯравӣ, яке аз аввалин занҳои муборизи роҳи навини зиндагӣ буд. Авезова Мастура дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ аз зумраи нахустин занҳоест, ки фаранҷиро партофта, дар корҳои ҷамъиятию истеҳсолии ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон фаъолона ширкат кардааст.  Номбурда солиёни раиси иттифоқи касабаи фабрикаи шоҳибофии Хуҷанд буд ва барои хизматҳои шоёнаш бо се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 2, 5 ордени “Нишони фахрӣ” ва як қатор медалҳо сарфароз гардонида шудааст” – меорад муаллифи мавод Умари Шерхон.

Дар шумораи моҳи майи соли 2014-и маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” мақолаи дигар бо номи “Шеваи оиладории мо озодӣ ва ободист” ба нашр расидааст, ки мавод аз ҷониби собиқ муовини Раиси вилояти Хатлон, зани сарвару сиёсатмадор  Махфират Хидирзода омода гардидааст. Муаллиф ҳам аз нигоҳи сиёсат ва ҳам  фарҳанг мавқеъ ва рисолати занро чун як узви комилҳуқуқи ҷомеа хеле хуб мавриди баррасӣ қарор додааст. Чунончи  дар мавод омадааст: “ Таърихи башарият собит намудааст, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳамаи давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконияти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон фароҳам шудааст.

Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътарро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд” [5, 6]. Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешидаанд, ки муваффақияту фаъолияти озоди занон дар кишвар натиҷаи ин иқдомҳои созанда аст. “Асри ХХI асри иттилоот, асри муборизаҳои иттилоотӣ ва усулҳои наву бесобиқа, асри таъсир ба мафкураҳост ва танҳо он кишвару миллатҳо дар ин ҷода аз хатарҳои ҷаҳони муосир эмин хоҳад монд, ки мардумонашон худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифат ҳастанд ва дар ин роҳ журналистон нақши муассире доранд” [1, 26].

Нақши маҷаллаҳои “Бонувони Тоҷикистон” ва “Фирӯза” ҳамчун намунаи ВАО-и чопии кишвар дар инъикоси ҳаёти бонувони тоҷик  назаррас аст. Ин нашрияҳо сарварии занонро дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ тарғиб мекунанд. Фаъолияти ин нашрияҳои бонуфузи кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз занон низ дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа баробари мардон саҳм доранд.

 

Рўйхати адабиёт ва манбаъњо

  1. Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). – Душанбе, 2018.
  2. Хидирзода М. У. Нақши занон дар идоракунии давлат. – Душанбе, 2015.
  3. Атоӣ З. Дастовардҳои бонувони Тоҷикистон // Фирӯза. – №7, 2014.
  4. Расулзода Т. Сарвар // Фирӯза. – №8, 2017.
  5. Хидирзода М. Шеваи оиладории мо озодӣ ва ободист // Бонувони Тоҷикистон. – №5, 2014.
  6. Шерхон У. Бӣ Мастура, ё ҳарчанд медонему намедонем // Бонувони Тоҷикистон. – №7, 2018.

 

           

 

Хомӯшова Дилафрӯз – омӯзгори кафедраи

рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав