Кандакорӣ  яке аз ҳунарҳои ниёгонамон аст

Бо таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзи ҳунарҳои ниёгон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом боис шуд, ки дар баробари дигар ҳунарҳои ниёгонамон санъати кандакорӣ рушд намояд. Кандакорӣ санъати қадимаву хеле арзишманди миллати мо маҳсуб ёфта, дар он умеду орзу, хулқу атвор ва зебоипарастии халқи куҳанбунёди тоҷик инъикос гардидааст. Ин аст, ки дар факултаи техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ фаъолият дорад.

            Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои милии факултаи техникӣ ва технологии донишгоҳ бо тамоми асбобҳои муосири технологӣ аз қабили дастгоҳҳои коркарди харротии чӯб, коркарди филизот ва пластмасса, асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо таҷҳизонида шудааст.  Марказ бо мақсади ба донишҷӯён ва хоҳишмандон омӯзонидани истифодабарии тарзи дурусти асбобҳои муосири технологӣ ва рушду нумуъ додани ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ғайр аз дарсҳои амалию озмоишии умумитехникӣ ба хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ – кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсӯз  ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.

            Пайдост, ки ҳифзи ҳунари ниёгон рисолати муҳим дар назди таърих маҳсуб меёбад. Хушбахтона, имрӯз санъати кандакорӣ дар ҷумҳурӣ рушд карда, ҳангоми шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти нав истифода мешавад. Кандакорӣ, ки навъи санъати ороишиву пардозгарӣ мебошад, тавассути кандану буридани чӯб, гаҷу гил ва устухон тарҳрезӣ мешавад. Нозукиҳои ин ҳунар ба донишандӯзон, завқмандони соҳаи мазкур ба таври бояду шояд омӯзонида мешавад.

            Маврид ба тазаккур аст, ки дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳои факултети техникӣ ва технологӣ озмоишгоҳҳои мошинолотҳо ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хӯрока ва устохона оиди кандакорӣ дар чӯб ва коркарди металҳо мавҷуд аст. Инчунин, дар назди кафедраи мазкур маҳфили “Техникони ҷавон”  фаъолият дорад, ки дар он донишҷӯён маҳсули даст, маҳорати хешро ғанӣ мегардонанд. Ба ин васила ҳунари аҷдодии худро бештар сайқал медиҳанду ба омӯзиши асрори он зиёдтар мепардозанд.

                                                                                              

Шаҳноза Асоева