Декани факултети физика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

ОЙМАТОВА Ҳоҷармо Холмуродовна

+(992) 93-591-23-61
  fakultet.fizika@bk.ru

 

Солҳои фаъолияти деканҳои факултети физика

    Аз соли 1995 то соли 2000 профессор Шукуров Т.А., аз соли 2000 то соли 2005 н.и.п, дотсент Таваров С.К., аз соли 2005 то соли 2008 н.и.ф.м., дотсент Ситамов С., солҳои 2008 то 2012 аз соли н.и.ф.м, дотсент Шамсудинов Ф.М., аз соли 2012 то инҷониб н.и.п., дотсент Ойматова Ҳ.Х. мебошанд.

   Факултети физика ҳамсоли донишгоҳ буда, аз  соли 1978 бо номи ҳозирааш таъсис ёфтааст. Айни замон роҳбарии факултетро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ойматова Ҳоҷармо Холмуродовна ба уҳда доранд.   

     Сохтори факултет аз декан, ҷонишини декан оид ба таълим, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия, коргузор иборат аст. Вазифаи ҷонишини декан оид ба таълимро омӯзгор Бубиев М., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявиро омӯзгор Холов С., ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсияро Сафаров Ш., коргузори деканатро Иззатуллоева Г. Вазифаи эдвайзер Нарзуллоев С. ва бақайдгирандаро Мудинов Б. ба зимма доранд. Ба ғайр аз ин, дар факултет боз созмонҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони зерин ба уҳда доранд. Ҳусейнов З.- раиси иттифоқи касабаи факултет, Маҳмадалиева Х.- раиси шӯрои бонувони факултет  ва Асадуллоев Ш. – раиси созмони ҷавонони факултет мебошанд.

                                                   Дар назди факултет 2 кафедра амал мекунад:                                                                                

                                                           1.Кафедраи методикаи таълими физика.                                                                                 Мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, Гулаев И.

Кафедраи методикаи таълими физика аз соли 2017 инҷониб ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият дорад. Дар кафедра 2 нафар узви вобастаи АИП, профессор, 3 нафар номзадҳои илм, 4 нафар саромӯзгор ва 5 нафар омӯзгорон кор мекунанд.

 

                                          2.Кафедраи физикаи умумӣ.                                                                                   Мудири кафедра н.и.ф.м, дотсент Алимардонов  Э.

Кафедраи физикаи умумӣ баробари факултет таъсис ёфтааст. Дар кафедра 6 нафар номзадҳои илм, 3 нафар омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.

Сарвари факултет, дотсент Ойматова Ҳ.Х., директори МТҒ, дотсент Таваров С.К., хатмкардаи соли аввали ҳамин донишгоҳ мебошанд. Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Собиров Ҷ.Ф. ва мудири аспирантура ва докторантураи донишгоҳ Суяров Т. низ аъзои кафедра мебошанд.

Дар факултет зиёда аз 33 нафар ҳайати омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 2 нафар профессор, 10 нафар номзадҳои илм ва 6 нафар саромӯзгорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои дохили донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилояти фаъолона иштирок намуда, бо давомот ва интизоми намунавии худ пешсаф мебошанд. Илова бар ин, донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

 Алоқамандии кафедраҳои факултет бо дигар кафедраҳои донишгоҳ

    Дар солҳои мавҷудияти факултет кафедраҳои он баҳри мустаҳкам намудани базаи илмию методӣ, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам бо дигар кафедраҳои макотиби олии кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ алоқаи қавӣ барқарор кардааст.