Бардошти таасурот аз вохӯрии навбатии Пешвои Миллат бо зиёиёни кишвар

18-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана, бо зиёиёни мамлакат вохӯрӣ доир намуданд. Мулоқоти навбатии худро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 15 банди асосӣ хулоса намуданд, ки ба ҳамаи самтҳои муҳими фаъолияти аҳли зиё мутаалиқ мебошад. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамагонро, аз ҷумла қишри зиёии кишварамонро водор менамояд, ки дар рушду нумуъи Тоҷикистони азиз бештар саҳмгузор бошанд.

Ҳамчун як фарди ин ҷомеа дар иртибот ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мехоҳам баён намоям:

– ба фикри мо ҳатман дастуру тавсияи равоншинос – равонпизишк ва равондармониҳои соҳибкасби замони муосир муҳим мебошад, зеро таъсиси гурӯҳҳои равияи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳатман вобаста ба инкишофи қисматҳои мағзи сари кӯдак – наврас – ҷавон, ки он ҳадяи модарзодӣ аст, танҳо аз ҷониби соҳибкасбони соҳаи равонӣ бе хато муайян карда  мешавад. Баробари фароҳам овардани шароити таҳсил дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба рушди илмҳои равонӣ  баҳри амалӣ шудани ин ҳадаф  боз ҳам бештар мусоидат хоҳад кард;

– пешгирӣ намудан аз қабули кадрҳои тасодуфии соҳавӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ишғоли вазифаҳо, аз қабили ассистент, омӯзгор, саромӯзгор, дотсент, профессор, роҳбарони ниҳод, муовинони соҳавӣ то кормандони ба таълим ёрирасон, дарбон ва фарош;

– ҳатман бояд омӯзгор дар маҷмӯъ, аҳли зиёи кишвар бо симою чеҳра, нутқ, муносибат, ахлоқ покии имону виҷдон дар ҷонибдорӣ ва пайгирии сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи ҳукумати кишвари азизамон аз дигар қишрҳои ҷомеа ба куллӣ фарқ намояд;

– барои нигоҳ доштани манзалат ва рисолати касбӣ, хусусан дар соҳаи маориф қабули кормандонро пас аз нафақа баромадани дигар мақомоту сохторҳо ба касби омӯзгори набояд роҳ дода шавад;

– талабот ба тадбиқи технологияи муосири таҳсилот мебоист шурӯъ аз зинаи таҳсилоти  мактабӣ то муассисаи таҳсилоти олии касбӣ якранг бо талабот ва иҷроиши ягона бояд ба роҳ монда шавад.

 

 

 

Хайрзода А.Г., сардори раёсати

таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав