Иштироки донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ дар Фестивали «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод»

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо!

 

          Санаи 17-уми марти соли 2020 дар доираи нақша-чорабиниҳо 12 нафар донишҷӯёни хориҷии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии  Бохтар” ба номи Носири Хусрав” дар Фестивали фарҳангии “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод”, ки дар ноҳияи Данѓара баргузор гардид, иштирок намуданд. Меҳмонон ва донишҷӯёнро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сокинону ҷавонон дар даромадгоҳи ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Донишҷӯён аз ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобобу табиати нотакрори ноҳия дидан карданд.

         Бояд қайд намуд, ки дар Фестивали мазкур донишҷӯёни фаъоли аз хориҷи кишвар таҳсилкунандаи факултетҳои физика, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ,  химия – биология, таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ ширкат варзида, бо ҳунару истеъдод, фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик шинос шуданд. Ҳамчунин дар доираи ин тадбири фарҳангӣ фарҳангу санъати худро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

 

   

 

 Ҷабборов Хушдил, сармутахассиси

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав