Таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ !

Забони англисӣ  забони байналхалқи буда, ҳоло дар тамоми  мактабҳои кишварамон ҳамчун воситаи муошират омӯзонида шуда истодааст.

Чуноне,ки ба мо маълум аст омӯзиши забони англисӣ аз синфи се то синфи ёздаҳ ва дар баъзе мактабҳои хусуси аз синфи якум бароҳ монда шудааст,ки ақидаи олимону методистон дар ин бора гуногун мебошад. Л.В. Шерба дар ин хусус қайд кардааст,ки дарккунии маънои калимаҳо ва категорияҳои забони модари бе мавҷудияти истилоҳҳо барои муқоиса хело мушкил мебошад, инчунин ӯ зикр намудааст,ки омӯзиши забони хориҷӣ барои дарки забони модари ёри медиҳад, чунки  он ба воситаи таъминнамоии бо истилоҳҳо имконияти муқоиса карданро фароҳам меоварад аллакай дар зинаи ибтидоии хонандагонро водор месозад,ки аз асорати забони модариашон озод шаванд.

 Вале ақидаи  профессорон Г.В.Рогова ва И.Н. Верешагина дар ин бора андаке фарқ мекунад. “Дар ҷоеки омӯзиши забони модари хуб ба роҳ монда шудааст, омӯзиши забони хориҷӣ осонтар мегардад”. Ба фикри ман низ хонандагон аввал забони модариашонро хуб омӯхта, баъд ба омӯзиши дигар забонҳо пардозанд,зеро бузургон гуфтаанд:

Ҳаркас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Муваффақият ноил шудан ба мақсади асосии таълими забони англисӣ, яъне мақсади ҳосил намудани малака ва маҳорати муошират аз истифодаи методҳои гуногуни таълими забони хориҷӣ вобастагии хело калон дорад. Вале барои омӯзгор донистани танҳо методика кифоя нест,зеро дар ин хусус профессор Г.В. Рогова ва И.Н. Верешагина чунин зикр кардаанд:  “Методика  ин психологияи амали нест,зеро донистани танҳо гузариши ҷараёнҳо ба монанди танҳо дар хотир нигоҳдори,фикррони, чигуна ташаккулёбии маҳорат ва малака кифоя набуда зарур аст,ки фанни омӯзонидашуда, яъне забони англисӣ аз тарафи омӯзгор хуб аз худ кардашуда бошад”Инчунин А.Пенлоуш гуфтааст: “Методҳои хуб ва бад вуҷуд надорад, балки муаллимони хуб ва бад мавҷуданд”.

Дар ҳақиқат муаллимон бояд ғайр аз методикаи таълими забони хориҷӣ фанни тадрисшавандаро низ хело хуб азбар карда бошаду тавонанд, ки заминаи хубе баҳри таҳсили минбаъдаи омӯзиши забони англисӣ фароҳам оранд. Ба марҳилаи аввали омӯзиш аҳамити ҷидди бояд дод, зеро ин марҳилаи асоси ба шумор рафта муваффақити омӯзиши фан дар зинаҳои навбати аз зинаи аввал вобастагии хело калон дорад.Чуноне, ки шоир гуфтааст:

                Хишти аввал чун ниҳоди меъмор каҷ,

                   То ба охир меравад девор каҷ.

Ё олими англис М.Уэст гуфта буд: “Забон фанне нест ки омӯзонида шавад, он фанест,ки боз омухта шавад”. Педагоги машҳур К.Д.Ушинский зикр намудааст,ки ҳар  як дарс барои омӯзгор бояд вазифа бошад, ки ҳалли онро қаблан андешад: дар ҳар  як дарс у бояд ба чизе ноил шавад, қадами навбатиашро гузорад. Боз якчанд маслиҳатҳои муфиди дигаре барои омӯзгорон мавҷуданд,ки иқтибос аз принсипҳои таълим дар мактаби  Берлитси И.М.А. мебошанд:

1.Ҳаргиз тарҷума макун:  намоиш деҳ.

2.Ҳаргиз нафаҳмон: бо амалиётҳо нишон деҳ.

3.Ҳаргиз дуру дароз гап мазан: савол деҳ.

4.Ҳаргиз хатои шогирдро ба даҳон магир: онро ислоҳ кун.

5.Ҳаргиз ба вожаҳои алоҳида сухан магу: аз ҷумлаҳо истифода бар.

6.Ҳаргиз худ зиёд ҳарф мазан: маҷбур кун,ки шогирдон сухан кунанд.

  1. Ҳаргиз ба китоб манигар: нақшаи дарсии худро истифода бар.

8.Ҳаргиз аз як нуқта ба нуқтаи дигар маҷаҳ: аз рӯи нақшаи кори худ амал кун

9.Ҳаргиз шитобкори макун:бо сурати ҳаракати шогирдон қадам зан.

10.Ҳаргиз оҳиста сухан магу: бо суръати муқарари гап зан.

11.Ҳаргиз тез сухан марон: табии гап зан.

12.Ҳаргиз бетаҳаммул мабош: ба ҳар ҳодиса бо чашми хирад нигар.

 

Омӯзгор:                                                    Асроров С.Н.