Хотираҳои неку фаромӯшнопазир аз Наврӯзии шаҳри Норак

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқи мо ва дар ҷаҳони муосир – иди байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Аз соҳибистиқлол шудани Ватани маҳбубамон ҳамасола ин ид бо шукуҳу шаҳомати бузург дар ҳама манотиқи мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар соли 2019 дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишварамон шаҳри Норак ҷашн гирифта шуда буд. Дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз тамоми вилоятамон ва берун аз он ширкат варзиданд. Дар қатори онҳо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав  низ иштирок доштанд. Дар хусуси дар кадом сатҳ гузаштани ин ҷашн ба ҳама маълум аст. Мехостам, каме дар бораи меҳмоннавозии халқи шаҳри Норак сухан ронам. Аз рӯзи аввали ворид шудан ба ин мавзеъ соҳибшаҳрон моро бо чеҳраи хандон ва дарҳои кушода пешвоз гирифтанд. Донишҷӯёнро ҳамчун хешу табор, шахсони наздиктарин пазируфта, то рӯзи баргаштанамон кӯшиш намуданд,  ки   ягон  камбудиро ҳис накунанд. То ҳол мо он рӯзҳоро  фақат  бо  хурсандӣ ба ёд меорем. Махсусан  он  шахсоне, ки  дар паҳлуи мо  рост  буданд. Ғамхории  духтурону  ҳамшираҳои  шафқати  касалхонаи  шаҳрро  ҳадду  канор  набуд.  Аз  ёдам  намебарояд  он  лаҳзае, ки  донишҷӯдухтари  аз  ҳисоби  ҷоғар  азоб  доштаро ба назди онҳо  бурдам.  Дар  қабулгоҳ ҳамшираи  шафқати калон,  навбатдор  то  омадани табиб  бо  суханҳои  ширин,  рафтори  хуби  инсонӣ табъи моро болида гардонданд.  Вақти  хайру  хуш  бо ин табибони  мушфиқ  мо  минатдории бепоёни худро барои меҳнатҳои шабонарӯзиашон ба онҳо баён намудем. Тамоми аҳолии шаҳри Норак барои гуселонидани мо баромада буданд.

         Ҳамин аст яке аз хислатҳои хамидаи инсонӣ, ки ба халқи мо мансуб мебошад. Солҳо мегузаранд, лекин мо меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ ва хоксории шаҳрвандони шаҳри Норакро аз ёд намебарорем.    

 

 

Абдуллоева Саноатхон, декани факултети забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав