Баргузории мизи мудаввар оид ба пешгирии вируси тоҷдор

Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар асоси нақшаи кории ситоди мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва бо ҷалби устодону донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии бемории вируси тоҷдор” баргузор гардид.

         Дар ин мизи мудаввар табиби сироятии кумаки аввалияи тиббию саниатрии шаҳри Бохтар Анвар Бӯриев дар бораи таърихи пайдоиши бемории СОVID-19, роҳҳои пешгирии бемории вируси тоҷдор ва тарзу усули табобат баромад намуд. Номбурда қайд намуд, ки ин бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, бо бартарии сироятёбии роҳҳои нафас ба монанди илтиҳоби луобпардаи бинӣ ва узвҳои ҳозима бо аломатҳои илтиҳоби шадиди меъдаю рудаҳо ва илтиҳоби шадиди шуш зоҳир мегардад. Барангезандаи бемориро якумин маротиба олим Д. Тирел дар соли 1965 аз беморе, ки бо гирифтори ринити шадид буд, дарёфт намудааст. Баъдтар олимон Э. Каул ва С. Кларк соли 1975 аз наҷосати кӯдаки бемор ин вирусро дарёфт намуданд.

February 3, 2020, Atlanta, GA, United States of America: Illustration created at the Centers for Disease Control and Prevention showing the ultrastructural morphology exhibited by the Novel Coronavirus 2019-nCoV virus which has caused an outbreak of respiratory illness first detected in Wuhan, China in 2019. Note the spikes that adorn the outer surface of the virus, which impart the look of a corona surrounding the virion, when viewed electron microscope. (Credit Image: Global Look Press/Keystone Press Agency)

Компанентҳои антигении вирус дар қисми болоии тоҷ ҷойгир мебошад. Вирус дар муҳити зист ноустувор буда, бо таъсири эфир ва маҳлули хлороформ зуд нобуд мегардад. Манбаи асосии он инсони бемор ва нафаре, ки ин бемориро аз сар гузаронида аст, мебошад. Роҳҳои гузариши ин бемориро коршиносони соҳа бо ду шакл: воситаи ҳавои қатрагӣ ва алоқамандӣ бо беморон муайян кардаанд. Роҳҳои пешгирии ин беморӣ: худорӣ намудан аз сафар ба хориҷи кишвар, риояи гигенаи шахсӣ, истифода намудани ниқобҳои яккарата, зуд-зуд тоза намудани ҳавои хона, тартиби дуруст омода намудани хӯрок, истифода намудани маҳлулҳои безараргардонӣ, ба монанди хлор, спирти этилӣ, собуни моеъ ва амсоли ин мебошад, – гуфт Анвар Бӯриев.

Ҳамчунин дар ин мизи мудаввар мутахассисони дигари соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла табибони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии вилояти Хатлон низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Абдураҳмон Саидов корманди Маркази зикршуда зимни суханронӣ изҳор дошт, ки сабаби беморӣ-барангезандаи беморӣ вируси РНК-дор буда, ба оилаи коронавиредей мансуб мебошад. Сохти ин намуд вирус бо ҷомаи чанқабатаи суперкапсид пушонида шудааст. Дар қабати болоии он бо дастони гликопротеинӣ пушонида шудааст ва гарданаки борики доирашакл бо сараки нукмонанд ба мисли тоҷ дорад, мебошад. Аз ин рӯ, номи ин вирус вируси тоҷдор мебошад. Сохти антигентии ин вирус мураккаб буда, натанҳо ба инсон балки ба ҳайвонҳо низ таъсир мерасонад. 

Бо мақсади пешгирии вируси тоҷдор дар ҳудуи вилояти Хатлон низ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати тандурустӣ ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ситоди доимамалкунанда ташкил шудааст. Ситоди мазкур пайваста дар гузаргоҳҳо ва дигар ҳолатҳо корҳои пешгирикунанда ва безараргардониро доир намуда истодаанд. Дар вилоят чор гузаргоҳ мавҷуд мебошад, ки дар ҳамаи ин гузаргоҳҳо нуқтаҳои санитарӣ ва карантинӣ ташкил шудааст. Хушбахтона, то имрӯз дар қаламравӣ кишвар гирифторшавии сокинон ба бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст, – изҳор дошт дар идомаи суханронӣ Абдураҳмон Саидов.   

Тавре дар боло ишора намудем, дар ин мизи мудаввар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон низ иштирок ва оид ба бемории вируси тоҷдор ба ҳозирин маълумот доданд. Аз ҷумла, сардори маркази таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Сайдализода Ёқубалӣ дар баромади худ зикр дошт, ки ҳоло тамоми мақомоту сохторҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мубориза бар зидди бемории вируси тоҷдор фаъолият бурда истодаанд. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ баҳри пешгирии бемории мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, дар ин самт фаъолияти назаррас доранд.

Яке аз омилҳои асосии пешгирии вируси тоҷдор, риояи гигенаи шахсӣ ва гигенаи ҷамъиятӣ мебошад. Ба хулосаи муҳаққиқони соҳа вируси тоҷдор дар ҳавои сард устувор мебошад. Нишонаҳои вируси тоҷдор ба зуком монандӣ дорад. Ҳангоми табъи баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ, ҳатман аз ниқоби яккарата истифода бурда, зудтар ба табибони минтақавӣ муроҷиат намудан зарур аст.

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки бо фаро расидани фасли баҳору тобистон аз беэҳтиётӣ шаҳрвандон, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар дарёву обанборҳо ба ҳалокат мерасанд. Бояд шаҳрвандон, хоса ҷавонон донанд, ки дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ кардан хатарҳои зиёд дорад. Аз устодону донишҷӯён даъват карда шуд, ки оид ба ин масъалаҳо бо дигарон иттилоъ диҳанд, – қайд намуд дар идомаи суханронӣ Сайдализода Ёқуб.  

         Сипас, саволу ҷавоб миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода, устодон ва донишҷӯён сурат гирифт. Ҳамчунин ба устодону донишҷӯён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии вируси тоҷдор тақсим гардид.

         Дар қисамти дигари ин чорабинӣ намояндагони соҳаи тандурустӣ тартиби дурусти гузаронидани безараргардонии хона ва иншоотро ба иштирокчиён дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишон доданд.

         Дар воқеъ, ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо, оид ба бемории вириуси тоҷдор дар боло рафтани маърифати тиббии шаҳрвандон ва пешгирии он дар ҷомеа мусоидат менамояд.  

 

Шарипов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣиттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав