ХИРАДГАРОӢ – ВАСИЛАИ ИҶТИНОБ АЗ ХУРОФОТ ВА ТААССУБИ ДИНӢ

 

Инсоният аз нахустин рӯзҳои худшиносии худ аҳли ақлу илм ва донишу хирадро гиромӣ медошт, зеро хирадмандӣ, донишомӯзӣ ва ҳунармандӣ аз омилҳои муҳимтарини пешбурди зиндагӣ ва рӯзгори шоистаи тамоми башарият маҳсуб меёбад. Худшиносии инсон аз идроки мафҳуму арзишҳое мисли бовар, парастиш, эътиқод, сулҳ, ваҳдат, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ оғоз меёбад, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ақлу хиради комил, ахлоқи ҳамида ва илму дониши қавии диниву дунявӣ ба вуҷуд меояд.

Инсон ҳамчун махлуқи соҳибақлу соҳибхирад сабабгори асосии мавҷудияти олами ҳастӣ, ҷамъият ва нозу неъматҳои моддӣ буда, дар таълимоти динӣ низ муносибат ва мақоми онҳо дар ҷомеа мавқеи шоистаеро касб менамояд. Аз ибтидо дини мубини ислом илму дониш, адолат, таҳаммул, инсоф, саховат, некукорӣ ва некандеширо ҳамчун масъалаҳои меҳварии ҳаёти мусулмонон мешуморид ва аксари мардуми ғайриараб низ вобаста ба ҳамин арзишҳо исломро гиромӣ дошта, ба таълимоти он мегаравиданд. Мутаассифона, баъдан дохили ислом масъалаҳои ташкили империяи сиёсӣ, истифодаи ислом барои ба даст овардани низоми сиёсӣ, ифротикунонии ислом ҳамчун як навъи муборизаи дохили исломӣ рӯйи кор омаданд, ки ҳуввияту моҳияти аслии исломи воқеӣ тағйир ёфт.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки ҷанги сарди нав, яъне терроризм фазои сиёсии ҷаҳонро фаро гирифта, паёомадҳои он, ба монанди таасуби динӣ, хурофот, ифротгароӣ, тақлид кардани ҷавонон ба урфу одатҳои мардумони бегона, шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои навпайдо, боиси суст гардидани ваҳдату ягонагии миллӣ ва рахна задан ба устувории давлат мебошад, идроки мақсад ва моҳияти исломи воқеӣ, ки маҳз тавассути ақлу хиради воло рӯйи кор меояд, аҳамияти бештаре касб менамояд. Имрӯзҳо нерӯҳои сиёсии ҷомеаи башарӣ барои дастрасӣ пайдо кардан ба аҳдофи сиёсии худ ба  таври васеъ аз дину оин ва эътиқоди омма кор мегиранд. Масалан, дар ҷумҳурии мо низ намояндагон ва марказҳои зиёди тарғиботии динҳои мухталиф пайдо шудаанд, ки бо ҷорӣ намудани усули тартиботи динии худ дар байни омма парокандагиро ба вуҷуд оварданӣ мешаванд. Ҷангу хунрезиҳои зери ниқоби дини ислом ба амал пайвастаи аксари мамолики арабизабон, аз қабили Сурия ва Ироқ, таъсири худро дар Тоҷикистони мо низ мерасонад. Аз нигоҳи мо, ин омилҳо боиси низоъ ва даргириҳои шадиди сиёсӣ гашта метавонанд, ки мисоли онро айни ҳол дар манотиқи гуногуни дунё мушоҳида менамоем. Ба ин масъалаи муҳим сарвари давлатамон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, мунтазам мардумро, махсусан ҷавононро, ба пос доштани виҷдону имон ва ваҳдату ягонагии давлат даъват намуда, таъкид месозад, ки ба ақлу хирад такя намуда, фирефтаи ҳар гуна идеологияи ғайр нагардем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Масъалаи дарки исломи воқеӣ дар ҷаҳон, низоъҳои динӣ миёни халқиятҳои чӣ мусулмону чӣ ғайримусулмон дар ҳар давру замон ба таври гуногун вуҷуд доштааст. Масалан, ҳанӯз пас аз вафоти паёмбар Муҳаммад (с) ягонагии ақидавии мусулмонон заиф мегардад, ки асоси онро зиддият барои манфиат, ҳокимияти сиёсӣ, масъалаи ҷонишинӣ ва қудрат ташкил медод. Дар ин замина минбаъд даҳҳо фирқа, мазҳабу таълимоти гуногуни исломӣ ба вуҷуд омаданд. Дар тӯли таърихи беш аз 1400-солаи ислом давраҳо ва ҳолатҳое буданд, ки дин аз ҷониби ҳокимон ва рӯҳониёни мутаассиб ҳамчун идеологияи сиёсӣ барои зери итоат қарор додани мардум мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳарчанд ки исломи воқеӣ илмомӯзӣ ва ақлгароиро ташвиқу тарғиб мекунад ва дар давраи муайяне аз ислом эҳё ва шукуфоии илму ҳикматдӯстӣ густариш пайдо карда буд, вале дар ҳар давру замон мутаассибоне низ буданд, ки олимону донишмандон ва бузургони фарҳангро ба куфру беимонӣ ва бемазҳабӣ муттаҳам карда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои худ аз ҷанбаи сиёсии ислом кор мегирифтанд.

Агар амалу кирдори гурӯҳҳои террористӣ аз қабили «Толибон», «Ал-қоида», ифротиён ё худ «созандагону ташкилкунадагон»-и ДИИШ-ро амиқтар мушоҳида ва таҳлил  намоем, дар он ягон нишонаеро аз исломи воқеӣ намебинем. Ҳатто даъвату таълимоти оддитарини дини ислом, ки бо ибораи «Муъмин бародари муъмин» машҳур аст, дар амалиёти онҳо ба назар намерасад. Чун барои ҳифзи аҳдофи онҳо ва ташкили давлату империяи сиёсӣ на ҳамаи арзишҳои ахлоқи исломӣ мувофиқ буданд, ифротиён дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа гуфтору кирдорҳои нав, аз қабили  қатлу  куштор  ва дигар амалҳои ваҳшиёнаро зери мафҳуми ҷиҳод,  ба вуҷуд овардаанд,  ки  ба ислом  ягон робитае  надоранд. Онҳо дар зоҳир худро мусулмон вонамуд карда, барои ҳифзи манофеи шахсӣ ва амалӣ сохтани ҳадафҳои сиёсии худ зери ниқоби дини ислом амал менамоянд. Ин гурӯҳҳои тозазуҳури идеологии динӣ, арзишҳои ахлоқии исломи воқеиро қабул намедоранд ва бо ифротикунонию  сиёсисозии ислом сабаби низоъҳо ва қатлу куштори одамони бегуноҳ мегарданд. Онҳо куштору ғорат, маҳкум намудани таълимоти мардуми ғайриараб ва фирқаҳои гуногуни дини ислому ғайримусулмононро ҳамчун омили ҳифз ва эҳёи ислому ҷомеаи мусулмонӣ шумурда, ҳаёту манзалати инсониятро беарзиш намудаанд. Ҳол он ки дар Қуръон ва аҳодис оёт ва ривоёти зиёде бар ҳурмати инсон ва мамнуъ будани ҷанг бо мусулмонон, ё рехтани хуни муъминон оварда шудааст. Чунончи Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст» (сураи Нисо, ояти 93).

Бинобар ин, рехтани хуни мусулмонон бузургтарин гуноҳ дар ислом буда, амали ваҳшиёнаву беақлона ва сиёсати ифротгаронаву тафаккури ифротии гурӯҳе аз ҷомеаи манфиатхоҳ аст, ки ба ин васила дар байни мусулмонон ҷудоӣ андохта, қадру манзалати онҳоро дар байни дигар адёну мӯътақидон коста мегардонанд. Барои дарки ин маъонӣ ва пешгирӣ намудани паёомадҳои  мақсаду аҳдофи муғризонаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо ягона василаи наҷот ва раҳоӣ ин таҳлили оқилонаи амалиёти онҳо ва кор гирифтан аз ақлу хиради солими инсонӣ аст. Зеро чунин амалиёт барои тамоми ҷомеаи башарӣ хатарзо буда, танҳо ақлгароӣ ва маърифату ахлоқи волои инсонӣ метавонад, мардумро аз ин падидаҳои мудҳиши аср наҷот бахшад.

Дар интиҳо мехоҳам нукоти зерини Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро ёдовар шавам, ки мефармояд: «Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мулк бе сиёсат, мол бе тиҷорат ва илм бе баҳс». Аз ин рӯ, агар  хоҳем, ки Тоҷикистони мо доимо пойдору устувор  ва эмин аз ҳар гуна хатарҳои иделогӣ бимонад, бояд насли наврас ва ҷавононро тавре тарбият намоем, ки дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ боғайрату масъулиятшинос бошанд, Ватани хешро самимона дӯст доранд, нисбат ба зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид ва ақлу хиради солими инсонӣ нигаранд ва ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ посдори фарҳангу тамаддун ва ваҳдату пешрафти кишвари азизамон бошанд.

 

 

Муҳаббат Маҳмадалиева – саромӯзгори кафедраи

адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав