Терроризим ва экстремизм: хатар ба ҷони инсоният

 

Солҳои охир шомил шудани сокинон, аз ҷумла ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳо, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳоро нигарон намудааст. Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин падидаи зиёновар санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилӣ қабул шудаанд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм“ аз 25-уми марти соли 2011 таҳти рақами № 684 қабул шудааст, ки дар асоси он роҳу василаҳои мубориза бар зидди зуҳурот хатарзоро муайян мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ, аз ҷумла рӯзи 18-уми марти соли 2020 бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат ба ин зуҳуроти хатарзо таваҷҷуҳ намуда зикр намуданд, ки: „… дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад. Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад”.

Яке аз мушкилоти асосии замони муосир шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ буда, тамоми ниҳодҳои давлатиро нигарон намудааст. Имрӯз баҳри баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинон, хоса наврасону ҷавонон тадбирҳои гуногун аз тарафи ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, дар ин замина барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз роҳбарону аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз таҷрибаи ками ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба амалҳои даҳшатангез ҷалб менамоянд. Дар бештар маврид чунин афроди пасттинат бо имкониятҳои интернет дар ҷустуҷӯи ҷавонон шуда, бо ин усул ба мафкураву зеҳни онҳо таъсир расонида, кӯшиш менамяонд, ки бо ваъдаҳои бардурӯғ нақшаҳои ғаразноки худро татбиқ кунанд. Ҳамчунин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз донишу ҷаҳонбинии пасти наврасону ҷавонон истифода намуда, ба қавле онҳоро ба “ҷиҳод” дар роҳи Худо равон мекунанд.

Коршиносон муайян намуданд, ки чунин ташкилотҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар низ фаъолияти худро васеъ ба роҳ монда, ҷавононро бо ваъдаҳои зиёд ба корҳои ваҳшоният сафарбар мекунанд. Агар ниҳодҳои қудратӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, бар зидди чунин ташкилотҳо мубориза баранд, ҳарчи зудтар нақшаву ҳадафҳои онҳо барбод дода мешавад.

Терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеъаи ҷаҳониро аз ҳарвақта дида бештар ба ташвиш овардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода будаанд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ҳамин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд. Вобаста ба ин тамоми сохторҳои ҳуқуқиву давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун чорабиниҳои мухталифро доир намуда, то андозае дар ин самт муваффақ шудаанд. Тавре ба мову шумо маълум аст, ҷаҳони муосир ҷаҳони бисёр тағйирёбанда буда, паҳн гаштани радикализми  динӣ  ва терроризмӣ умумиҷаҳонӣ, ки аз падидаҳои бисёр номатлуби  муосири ҷаҳонишавӣ мебошанд, ба рушди ҷомеа таъсир мерасонад. Экстремизм аслан ба ду шакл бо истифодаи зӯроварӣ ва бе истифодаи зӯроварӣ фаъолият карда метавонад. Дар назари аввал пайравони ин ҳаракатҳо аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирие фарқият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо тамоми мусалмонон, аз ҷумла ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гумроҳи андохтаанд. Рӯҳониёни расмӣ мегӯянд, ки дар асл фарқҳо хеле амиқтар ва хатарноктар аз он чист, ки дар нигоҳи аввал аз ҷониби ин гурӯҳҳои номатлуб ба назар менамоянд. Дар ин гурӯҳҳои номатлуб бисёртар ҷавонон фирифта шудаанд, ки аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст меоранд ё ба қавли онҳо, дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд ва онҳо худро муборизони ислом мегӯянд, лекин ин дурӯғи маҳз аст. Ҷавонон, ки неруи тавоно ва ояндасози  давлату миллат мебошанд, бояд ба қадри сулҳу субот, оромии кишвар ва истиқлолияти давлатӣ  бирасанд ва худро ҳамеша аз таъсири омилҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд.

Ба андешаи мо зиёд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ, варзишӣ-солимгардонӣ дар роҳи пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша маҷмаа ва толорҳои варзишии зиёд сохта шудаанд, ки наврасону ҷавонони мо метавонанд аз онҳо ба манфиати худ ва ҷомеа истифода намоянд.

Мо боварии комил дорем, ки ҷавонони саодатманди диёр тамоми ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори кори худ намуда, дар пешрафту шукуфоии ҷомеаи имрӯза саҳми муносиб мегузоранд.

 

 

Аббос Ваҳобов – ассистенти кафедраи

тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии

факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав