Санаи 16-уми апрели соли 2020 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки беш аз 90 нафар донишҷӯёни факултетҳо ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ оғоз гардид. Тибқи маълумоти муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабзода Холмурод Ашур дар асоси нақшаи корӣ озмун давоми се рӯз идома ёфта, ғолибон ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки дар оғози озмун ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки мақсад аз баргузор кардани озмун дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад. Дар воқеъ, озмуни мазкур аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Боварии комил дорам, ки устодону донишҷӯён ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳ дар ҳамаи даврҳои озмун фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои намоён шарафёб мешаванд, – гуфт дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода С.Х.

Сипас, раиси комиссияи ҳакамон Муродиён Ҳасан Ғуломзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор низ зимни баромад, қайд доштанд, ки ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа таъсири амиқ расонида, инсонро ба сӯйи саодату некбахтӣ мебарад. Имсол шумораи иштирокчиёни озмун дар даври аввал хеле зиёд гардида, боварӣ дорам, ки омодагии онҳо барои иштирок низ беҳтар шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки рафти озмунро Муродиён Ҳасан Ғуломзода, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик, Аҳмадов Сафармад Гадомадович, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Тағоймуродов Рустам Ҳакимович, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик, Шамсуддинова Рафоат, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, Ашурова Шаҳло Кулобиевна, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Фатҳуллоев Икром Бароталиевич, номзади илмҳои филологӣ, Қурбонов Беҳрӯз, омӯзгори кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ, Давлатова Раҷабмо Изатшоевна, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ гимназияи донишгоҳ, котиби озмун, Маҳкамова Дилором Юнусовна, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ҳакамӣ ва назорат хоҳанд кард.

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯзҳои 16 то 18-уми апрели соли равон баргузор гардида, номзадҳои арзанда ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд. Рӯзҳои баъдӣ аз натиҷаи озмун низ бароятон иттилоъ медиҳем.

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори бахши

Маркази иттилоотӣ-таҳлилии ДДБ ба номи Носири Хусрав