Рустами Эмомалӣ ифтихори ҷавонони Тоҷикистон

 

Ҷавонони ояндаи дурахшони миллату давлат ба ҳисоб рафта, имрӯз барои онҳо шароити мусоиди илмомӯзи ва фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, хоса ҷавонон рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир аст. Зеро имрӯз яке аз ҷавонони фаъоли сиёсатмадор ва шахси ватандӯсту хирадманд Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ба ҳамаи мо чун рӯз равшан аст, ки Рустами Эмомалӣ ҳангоми дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе буданашон ба вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини зиндагии шоиста хизматҳои назарарс намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло шаҳри Душанбе дар натиҷаи тадбирандешиҳои бевоситаи Рустами Эмомалӣ симои худро ба кулли дигаргун намудааст. Боварии комил дорем, ки зери роҳбарии ӯ боз фаъолияти Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардида, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. 

 Мо ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо Шумо барин фарзандони хирадманду ватандӯст, чун Рустами Эмомалӣ ифтихор ва сарфарозем. Бароятон дар ин кор муваффақият таманно дорем.

Поядаву ҷовидон бод, сулҳу ваҳдати Тоҷикистон!.

 

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши  Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав