Сабабҳои авҷгирӣ ва пешгирии терроризм

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар асари таъсири омилҳои гуногун мухолифатҳо, амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд. Ин намудҳои муборизаҳои носолими сиёсӣ ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги  шаҳрвандӣ оварда  расонид.

Дар ин солҳо майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо ҳангоми кори парлумон, суиқасд ба ҷони кормандони воломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли он як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазири ҷомеа пеш аз ҳама қишри ҳассоси он, яъне  ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд. Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба дарки амиқи сулҳу суббот аз ҷониби роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло донистанд ва хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Ақидаҳо оид ба инфротгароӣ (экстремизм) ва терроризм (даҳшатафканӣ) чун падидаҳое, ки инсониятро дар тамоми тули таърих ҳамроҳи намудаанд, беасос нестанд. Решаҳои ин падидаҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатоварӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар хислати сиёсӣ гирифтааст. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи миқёси  харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ баробар шуда, метавонанд. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.  Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем  ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.

          Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳанд.

Оид ба пешгирии амалҳои зишти террористӣ ва ифродгароӣ тадбирҳои зеринро андешидан аз манфиат  холӣ  нест:

– дар бораи мубориза бо ифроргароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои гуногуни аҳолӣ. Дар ин замина  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёдро рӯйи даст  гирифтааст;

– сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва терорристӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;

– марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии терорристон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

– маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз воситаҳои ахбори оммавӣ (ВАО). Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошанд, ки террористон аз онҳо ба хубӣ истифода менамоянд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда,  аз як тараф обрӯи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ»  ташаккул диҳанд ва ақидаҳояшонро паҳн намоянд,  аз тарафи дигар қувваи худро нишон дода,  аҳолиро ба тарсу даҳшат биёранд;

– оид ба пешгирии ифротгароӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омузишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизионию радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайраҳо.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардониданӣ сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳнатпарвар бошем.

 

 

 

Маҷнунова М.Ҳ., дотсенти кафедраи фаъолияти

гумруки факултети менеҷмент ва низоми гумрукӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав