Дар ҳар як давру замон ҷавононро ояндаи дурахшони миллату давлат  ва давомдиҳандагони  кори падарон мегӯянд, ки ин дар воқеъ, дуруст аст.  Миллати ориёитабори тоҷик дар тӯли таърихи бисёрсолаи худ ҷавонони бонангу номусро дар тамоми риштаҳо парвариш намудааст ки, то имрӯз таърихи башарият аз онҳо бо некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои нобиғагони миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯали ибни Синно, Абурайҳони Берунӣ,  Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва қаҳрамониҳои Рустам, Темурмалик, Спитамен, Муқаннаъ, Восеъ ва амсоли ин василаи пайравии ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик баъд аз пошхӯрии аввалин давлати миллии тоҷикон Сомониён ба зери истисмору зулми дигар қавму миллатҳо гирифтор шуда, дубора маҳз бо кӯшишу талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, чун Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати мустақил гардид. Ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахши таърихӣ боиси бавуҷуд омадани дигаргуниву таҳаввулот нек дар соҳаҳои мухталиф гардид.

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз садҳо рӯйдоду воқеъаҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ҳодисаест, ки боиси таҳкиму тақвияти сулҳу суботи сартосарӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар кишвар гардид. Дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳам тақдирсоз сиёсатмадори ҷавон ва умедбахш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин фаъолияти сиёсии худ бо исрор ва боварӣ гуфт, ки: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Ин суханҳои рӯҳафзо ба қалбҳои ҳар сокини кишвар тухми некиву боварӣ ба фардоро кишта, миллати парокандаву парешонро муттаҳид намуд. Ҳамин суханони таъсиргузори роҳбари давлат мардуми дур аз Ватанро ба сӯйи хонаву наздикон баргардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирҳои судманд, зери роҳбариву фаъолияти пурсамари фарзандони фарзонаи миллат тавонист, ки дар кишвар зиндагии дубораи осудаҳолонаро барои сокинон ба вуҷуд оварад.   

Бояд қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи  давлатдории тоҷикон ягона сиёсатмадорест, ки бештар ба ҷавонон таваҷҷуҳи  зиёд дорад. Ҳамеша дар суҳбату вохӯриҳои худ ба ин қишри ҷомеа такя намуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ мекунад.  Яке аз падидаҳои нек дар ин самт, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бевосита баҳри ҳалли мушкилиҳои ин қишри ҷомеа ва муаррифии дастоварду комёбиҳои беназири онҳо равона шудааст. 

Дигар масълаи муҳим, ҳамасола дар қаламрави кишвар бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд, ки барои соҳибмаърифат гаштани насли наврасону ҷавони кишвар пешбинӣ шудаанд. Имрӯз ҷавонони кишвар дар самтҳои мухталиф: сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва варзиш натиҷаҳои баланд доранд, ки ин ҳама аз мавҷуд будани шароити мусоид ва фаъолияти пурсамари онҳо дар ҷомеа дарак медиҳад. Дар кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму таҳқиқот ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба он ҷавонони аз ҷиҳати нерӯ тавонманду ихтироъкор пешбарӣ ва сарфароз мегарданд. Ҷавонони саодатманди кишвар, аз ғамхориву муҳаббати беандозаи Роҳбари давлат хушҳол буда, худро барои амалигардии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул медонанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дучанд фаъолият намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам тақвияту густариш медиҳанд.

   

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав