Масъалаи ташкил ва омӯзиши фаъолияти туристӣ дар кишвари мо ба яке аз масъалаҳои муҳим табил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Прзиденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус ба маврид зикр намудаанд, ки: “… кишвари мо дорои имкониятҳои васеъ ва кофӣ ҷиҳати ташкили минтақаҳои махсуси саноатӣ ва туристӣ буда, истифодаи самараноки онҳо боиси афзоиши сатҳи зиндагонии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд”.

             Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбар ва нисбатан ояндадори иқтисодиёт мебошад. Экспертони байналмилалӣ туризми муоссирро ба соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ворид мекунанд,  ки доимо дар афзоиш аст. Дар аксар кишварҳо туризм дар ташаккули маҳсулоти умумии дохилӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғлӣ аҳолӣ, инчунин фаъолгардонии баланси савдои берунӣ нақши асосиро мебозад. Вақтҳои охир сайёҳӣ яке аз намудҳои сердаромади бизнес дар олам шудааст ва доимо аҳмияти туризм ҳамчун манбаи воридоти асъор ва васеъшавии муносибатҳои байналмиллалӣ меафзояд. Фурӯши ашёи хом боиси сустшавии иқтидори мамлакат мегардад, вале саноати туризм дар асоси захираҳои барқароршаванда фаъолият менамояд. Сайёҳӣ нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт бевосита ё бавосита таъсир мерасонад (аз ҷумла нақлиёт, маҷмааи меҳмонхонаҳо, соҳаи хурокворӣ, санаторияҳо, боғҳои истироҳатии  миллӣ ва ғ.)  Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки саноати туризм  боиси афзоиши дигар соҳаҳои иқтисодиёт мегардад ва ба таври мустақим ва ғайримустақим ҷойҳои кории навро ба миён меорад. Инчунин, он боиси воридшавии асъори хориҷӣ, пуршавии буҷети давлатӣ  гардида, барои рушди соҳибкории хурду миёна ёрӣ мерасонад. Дар ин замина, бозори истеъмолии молҳо ва хизматҳоро васеъ гардида, рушди иқтисодиёти минтақаҳоеро, ки ягон намуди дигари пойгоҳи молию саноатӣ надоранд,  таъмин менамояд.

Аҳамияти туризм барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамъият чунин тавсиф карда мешавад: хароҷотҳои умумӣ барои туризми дохилӣ ва байналмиллалӣ 12% маҷмуи маҳсулоти миллии ҷаҳонро ташкил мекунад, ҳамасола зиёда аз 1,5 млрд. сафарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар онҳо сеяки  аҳолии замин иштирок мекунанд. Ба ҳиссаи туризми байналмиллалӣ  ҳамасола 7% содироти умумии дунё ва 25-30 % савдои ҷаҳонии хизматҳо рост меояд. Афзоиши ҳамасолаи туризми байналмилалӣ 4%-ро ташкил мекунад ва дар оянда вай соҳаи содиротии пешбар дар ҷаҳон шуда метавонад.

Рушди соҳаи туризм аз якчанд омилҳо вобаста аст:

  • Мавҷудияти захираҳои осоишгоҳҳои табобатӣ дар ҳама кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон;
  • Рушди ҳама корхонаҳо ва соҳаҳои бевосита ё бавосита ба туризм дахлдор;
  • Ҷалби асъори хориҷӣ аз хориҷ ҳангоми рушди туризми беруна;
  • Ба даст овардани фоида бо хароҷоти камтарин;
  • Набудани хароҷот оид ба даст овардани омилҳои аввалияи истеҳсолот;
  • Рушди соҳибкории хурду миёна, ки аҳолиро бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд;
  • Афзоиши секторҳои соҳаи хизматрасонӣ, ташаккули эътибори кишвар дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ.

     Саноатӣ туризм, ки ба ҳайати он саноати меҳмоннавозӣ низ дохил мешавад, ҳамчун маҷмӯи меҳмонхонаҳо  ва дигар воситаҳои ҷойгиркунӣ, воситаҳои нақлиёт, объектҳои  хӯроки умумӣ, объект  ва воситаҳои дилхушӣ, объектҳои таинотӣ корӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва монанди инҳо дошта, ташкилотҳои амалисозандаи фаъолияти тураператори ва турагентӣ, ва ташкилотҳои пешниҳодкунандаи хизматҳои роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ фаҳмида мешавад.

       Корхонаҳои туристӣ – ин шахсони ҳуқуқӣ ва воҳиди алоҳидае, дар низоми саноати туристӣ мебошанд, ки  як ё якчанд корҳоро оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти туристӣ иҷро менамоянд.

      Хизматҳои сайёҳӣ – ин натиҷаи фаъолияти корхонаҳои туристӣ оид ба қонеъ гардонидани талаботҳои мувофиқи сайёҳон мебошад.

        Сайёҳат – ин маҷмӯи хизматҳо оид ба ҷойгиркунӣ, интиқол, хурду хӯроки сайёҳон, хизматҳои роҳбаладӣ, инчунин хизматрасониҳои тарҷумонӣ ва дигар хизматрасониҳои вобаста аз мақсади сайёҳат пешниҳодшаванда мебошад.

         Ба хизматрасониҳои  асосии аз тарафи агентиҳои туристӣ пешниҳодшаванда дохил мешаванд:

  • Интихоби намуди сайёҳӣ ва сайрхат (ҷои истироҳат);
  • Муқарраркунии миқдори рӯзҳои сайёҳат;
  • Интихоби категорияи меҳмонхонаҳо;
  • Ташкили хурду хӯрок;
  • Ташкили барномаҳои фарҳангӣ;
  • Муқаррар намудани нархи сайёҳат бо назардоти низоми тахфифҳо.

        Якчанд хусусиятҳои хизматрасониҳои сайёҳиро махсус қайд намудан зарур  аст.

Роҳи асосии расонидани сайёҳон ба ҷои истироҳат дар сайёҳати байналхалқӣ одатан ҳавопаймо мебошад. Дар сайёҳии ватанӣ ба сифати воситаи таҳвили сайёҳон чун қоида автомобилҳо ва чархболҳо истифода мешаванд. Бо назардошти самти хизматрасонӣ нархи ниҳоии сайёҳат муқаррар  карда мешавад, ки метавонад вобаста ба росонидани хизматҳои иловагӣ  ва тахфифҳои гуногун (тахфиф  барои кӯдакон, барои мизоҷони доимӣ) тасҳеҳ карда мешавад.

Хусусиятҳои намудҳои алоҳидаи сайёҳатро махсус қайд кардан лозим аст,  ки қисми асосии нархи сайёҳатро арзиши хизматрасониҳои пешбар ва муаянкунандаи  таиноти сайҳат ба монанди табобат дар сайёҳати тандурустӣ, гуфтушунид бо ширкатҳои хориҷӣ дар сайёҳати корӣ ташкил мукунад.

                                                  

Тоҷиддин Холов, омӯзгори факултети менеҷмент ва низоми гумрук