Ба хонандаи  гиромиқадр пӯшида  нест, ки  бо  ташаббус ва  ибтикори  Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  солҳои  2007-2008 «Қуръони  Карим» ро бо  забони тоҷикӣ  ва  бо ҳарфҳои арабию кириллӣ  аз чоп  баровард. Ин  иқдоми наҷиб  ба  мусулмонони  кишвар  имкон  фароҳам  овард, ки  ин  китоби  муқаддасро  хуб  мутолиа  намуда,  мувофиқи  фармудаҳои  он ки аз қабили кӯмак кардан ба бенавоён, иҳтироми калонсолон, волидайн, ростқавлӣ ва дур будан аз амалҳои зишт ва кур-курона дунболи ҳар амали носавоб нарафтан, зеро ба доми  фиреби  гурӯҳҳои   террористию экстремистӣ гирифтор нашудан мебошад, огоҳ шаванд.

Дар  ин  китоби  муқаддас оид ба  неъматҳои  фаровоне, ки барои  инсонҳо аз ҷониби Худованд офарида шудааст оёти зиёде омадааст. Аз  ҷумла, дар  бораи як неъмати бебаҳое, ки хело барои ҳаёт муҳим аст об мебошад. Инчунин дар бораи фавоиду моҳияти он дар ҷойҳои мутааддиде зикр шудааст. Пешвои миллат, Президенти муҳтарам дар мавриди «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025 доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ” як силсила корҳоро анҷом додааст. Ногуфта намонад, ки то имрӯз дар ҷуҳурӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мардум ба оби нӯшоки таъмин гардидаанд ва ин дастовардҳо аз кӯмаку ғамхориҳои Пешвои маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин неъмати бебаҳо дар ин китоби муқаддас, дар 63 ҷо, аз ҷумла дар сураи «Бақара», ояти 22-юм омадааст: «Ваанзала  ми-нас-самои  моан (Ва фуруд овард аз осмон обро (боронро). Дар  идомаи ояти мазкур боз чунин омадааст: «Ба  сабаби  вай (об) барои шумо  анвои  меваҳоро  берун овард. Инчунин, дар  сураи  «Абаса»,  ояти 24-ум чунин  омадааст: «Ано  сабаб-нал-моа саббо» (ҳар оина мо рехтем, обро). Яъне, аз байни абрҳо обро ба замин  резондем, зеро одамону замин  ба он эҷтиёҷи беҳад доранд.

Дар  мавриди  чашмаҳо  низ Худованд дар  сураи «Нозиот», ояти 31-ум овардааст: «Ахраҷаминҳо  моаҳо» (Аз замин обро  берун  овар). Яъне  Худованд  аз  замин  чашмаҳоро берун  овард ва аз онҳо дарёҳо  ва  наҳрҳоро  ҷорӣ  намуд. Ба  оятҳои  боло  монанд дар  «Қуръони  Маҷид» оятҳои зиёде   мавҷуданд, ки  моҳият  ва  сабаби  ба вуҷуд омадани  обро  шарҳу эзоҳ медиҳанд. Инчунин дар ин китоби мукаррам оид ба сарфакорона истифода  бурдани об ва арҷгузории  неъматҳои бебаҳои худовандӣ фармудаҳои зиёде ҷой доранд. Масалан, дар сураи  «Аном», ояти 140-ум чунин омадааст: «Валотусрифу  инналлоҳа лоюҳиббул мусрифин» (Исроф накунед, ба дурустие, ки  Худо исрофкунандагонро дӯст надорад). Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд, ки: “Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари сероб мебошад бодарназардошти шароити имрӯза ва манфиатҳои наслҳои оянда роҳҳои сарфакорона, эҳтиёткоронаи захираҳои обро истифода барем”. Зеро бузургон ва гузаштагони мо дар мавриди истифодаи самараноки неъматҳои Худованд барои бандагонаш панду андарзҳо гуфтаанд. Тавре ки Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ  овардааст:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

 

 

Тошматов Фахридин, омӯзгори факултети филологияи

тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав