Дар солҳои Ҳукумати Шӯравӣ бо сардории устод Айнӣ ва шогирдони ӯ забоншиносии тоҷик ҳамчун илми мустақил рушду инкишоф ёфт, пеш рафт ва ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Дар аввалҳо забоншиносон камшумор буданд. Тадриҷан забоншиносони асил ба камол расиданд.                  

   Яке аз чунин забоншиносон аввалин номзади илм, нахустин доктори илми филология ва аввалин академик Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович  (1906- 1979)  буд.

    Ӯ зодаи ноҳияи Конибодом аст. Конибодом сарзамини бостониест, ки на танҳо Б. Н. Ниёзмуҳаммадов, инчунин Д. Тоҷиев , Ш. Ҳусейнзода , М. Қосимова, А. Маниёзов ва бисёр дигаронро ба ҷаҳониён эҳдо намудааст. Б. Ниёзмуҳаммадов синфи нуҳумро дар мактаби зодгоҳаш хатм кардааст. Сипас  соли 1925 ӯро  ҳамчун хатмкунандаи пешқадам  барои таҳсил ба Институти муаллимии шаҳри Тошканд мефиристанд. Чаҳор сол дар институти мазкур мехонад ва дар корҳои илмию ҷамъиятӣ фаъолона иштирок меварзад. Баъди хатми донишгоҳ ҷанд муддат дар зодгоҳаш ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дониш ва қобилияти ташкилотчигии ӯро ба инобат гирифта, соли 1932 бо қарори махсус ба курси сесолаи аспиранттайёркунии Институти илмӣ-тадқиқотии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристод.  Б. Н. Ниёзмуҳаммадов соли 1938 дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии Ленинград дар мавзӯи  “Шеваи Конибодоми забони тоҷикӣ” диссертатсияи номзадӣ ҳимоя мекунад ва ба дарёфти дараҷаи илмии номзади  илмҳои филологӣ сазовор мегардад.

    Дар ин кор, ки соли 1961 чоп шудааст,  ба нақши устод Айнӣ дар ҳимояи забони тоҷикӣ аз душманони ин миллат, алалхусус пантуркистҳо ва панэронистҳо,  дараҷаи омӯхта шудани забони тоҷикӣ  ва шеваҳои он баҳои сазовор дода шудааст. Б Ниёзмуҳаммадов ба ғайр аз шеваи Конибодом доир ба шеваи Шаҳритуз низ таҳқиқоти хеле хуб ва муфассал  анҷом додааст. Ӯ баъди дифои диссертатсияи номзадӣ аз соли 1938 то соли 1944 дар вазифаҳои мудири сектори таъриху забоншиносии базаи тоҷикии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ва директори Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ кор ва фаъолият намудааст Мавсуф солҳои 1944-1948 докторанти Институти шарқшиносии АИ  Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ соли 1948 дар зери роҳбарии профессор Е. Э. Бертелс дар мавзӯи “ Синтакссии ҷумлаҳои содда дар забони адабии точик” диссертатсияи докторӣ ҳимоя кардааст. Ба қалами ӯ рисолаҳои  зиёди илмӣ ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёна навишта шудааст. Махсусан, ду китоби ӯ-  “Ҷумлаҳои содда”  ва  “Очеркҳо” то ҳол ҳамчун китоби дарсӣ хизмат карда истодаанд.  Дар зери роҳбарии ӯ  Ш. Ниёзӣ,  Д.. Бозидов, М. Шаҳобова, Қ.. Саидова, Р. Саидов,  Ш. Рустамов, А. Мирзоев ва бисёр дигарон диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Хизматҳои Б. Н. Ниёзмуҳаммадов аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо ордену нишонҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо, унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино қадр карда шудааст.  Хизматҳои Б. Ниёзмуҳаммадов ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Ӯ ҳамеша бо мост. Оре, бузургон дарёдил ва ҷовидонӣ мебошанд.  Саъдии бузургвор хеле хуб гуфтааст:

                          Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

                          К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

                                                Адабиёт:

  1. Академик Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович.-Душанбе: Авасто, 2008.
  2. Масъалаҳои забоншиносии тоҷик. -Душанбе: Дониш, 1967.
  3. Ниёзмуҳаммадов Б. Н. Ҷумлаҳои содда дар забони адабии тоҷик.- Душанбе, 1960.
  4. Ниёзмуҳаммадов Б. Н. Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик.- Душанбе, 1960.

                    

 

                       Маҳмадалиев Саймумин, дотсент, кафедраи мудири 

             методикаи  таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба  номи                     

             Носири Хусрав, Мирзоева Руқиямоҳ-магистри курси дуюми 

             факултети филологияи тоҷик