ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. ИМА, Британияи  Кабир, Япония ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди харидории 1,3 миллиард вояи ваксинаи коронавирус, ки ҳанӯз коркард нашудааст, ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора “Bloomberg”  бо истинод ба тадқиқоти ширкати таҳлилии “Airfinity”  хабар додааст.

Чунончи дар ин маврид ИМА ва Британияи Кабир бо “Sanofi и GlaxoSmithKline Plc” ва  Япония  бо “Pfizer” шартнома имзо кардаанд. Агентӣ зикр  мекунад, ки Иттиҳоди Аврупо низ “дар талош”-и  хариди ваксина аст, аммо аниқ накардааст, ки  кишварҳои Аврупо бо кӣ шартнома имзо кардаанд.

Ҳамин тавр, бо вуҷуди ин, ки самаранокии ваксинаҳо бар зидди вируси нав ҳанӯз исбот нашудааст, аллакай кишварҳои сарватманд миқдори зиёди онҳоро фармоиш додаанд ва эҳтимол дорад, ки шумораи муомилот афзоиш ёбад. Таҳлилгарон  зикр  мекунанд, ки барои 7,8 миллиард одам шояд воя нарасад ва кишварҳои фақир «дар навбат охирин хоҳанд буд».Чунин вазъияти монанд соли 2009 рух дода буд, замоне ки кишварҳои сарватманд содироти ваксинаҳои зукоми хукро инҳисор карда буданд.Хуруҷи бемории номаълуми илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухани Хитой дар охири моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфт. Маълум шуд, ки таҳриккунандаи беморӣ, ки баъдтар расман номи COVID-19 — ро гирифт, коронавируси шакли нав мебошад.Аз 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи сартосарӣ эълон кард.

АКС аз бойгонӣ