ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар/. Рӯзи душанбе Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ)  ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор дод, ки бо вуҷуди умедвории зиёд  ба ваксина, эҳтимол дорад, ки он  ҳеҷ гоҳ пайдо нашавад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” ба истинод ба NBC News.

То имрӯз, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 18,14 миллион нафар бо уфунати  коронавирус сироят ёфтаанд ва 688,080 тан бар асари он ҷон бохтаанд. Гузашта аз ин, баъзе кишварҳое, ки фикр мекарданд, ки аллакай қуллаи баландтарини бемориро убур намудаанд, аз нав хуруҷи  дубораи бемориро  аз сар мегузаронанд.

Директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус ва сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Майк Райан аз тамоми кишварҳо даъват намуданд, ки чораҳои ҷоринамударо, аз қабили пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, инчунин шустани дастҳоро қатъиян риоя кунанд. Ба гуфтаи роҳбари СУТ, ниқобҳо бояд рамзи ҳамбастагӣ дар тамоми ҷаҳон шаванд.

«Ҳоло як қатор ваксинаҳои довталаб дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникавӣ қарор доранд ва мо ҳама умедворем, ки доруи муассир алайҳи коронавирусро  ба даст хоҳем овард, ки битавонад ба пешгирии сирояти одамон мусоидат намояд. Вале дар ҳоли ҳозир ин дору вуҷуд надорад ва мумкин аст, ки ҳеҷ гоҳ пайдо нашавад», — гуфт ӯ.