Китоб ва китобхонӣ василаи ташаккулдиҳандаи донишу ҷаҳонбинии ҳар фард шинохта шуда, дар ин замина аз ҷониби давлату ҳукумат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Соли дуюм аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур пеш аз ҳама дарёфти истеъдодҳои нави эъҷоду суханвар мебошад. Ин озмун аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо намуда, наврасону ҷавонон бештар ба мутолиаи китоб машғул мебошанд.

Моҳи июл дар даври шаҳрии озмун устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки довталабони озмун аз рӯйи шартҳои аз бар кардани ашъори бачагона, аз бар кардани адабиёти классики тоҷик, аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик, хондану аз бар кардани адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар номинатсияим «Аз бар кардани ашъори бачагона»: Мадина Ҷаборова, хонандаи синфи 2-и мактаби №70-и ноҳияи Кушониён ҷойи 1-ум, Сафиямоҳ Юсупова, хонандаи синфи 4-и гимназияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-юм, Сироҷиддини Худойдод, хонандаи синфи 7-и мактаби №13-и шаҳри Бохтар ҷойи 3-юм, Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Нилуфари Музаффар, хонандаи синфи 6-и мактаби №12-и шаҳри Бохтар ва Миҷгона Узбекова, хонандаи синфи 6-и Мактабинтернати ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи «Аз бар кардани адабиёти классики тоҷик»: Шоира Каримова, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 1-ум, Манижа Пулатова, хонандаи синфи 10-и мактаби №6- и шаҳри Бохтар ҷойи 2-юм, Фархунда Шодиева, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 3-юм, Шамсулло Мудинов, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва Саъбагул Одинаева, омӯзгори мактаби №12-и шаҳри Бохтар ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи «Аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик»: Моҳинав Аҳмадзода, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 1-ум, Раҳмонқул Маъмурзода, хонандаи синфи 8-и литсейи «Ориёно» ҷойи 2-юм, Самандар Раҷабалиев, шаҳрванди шаҳри Бохтар ва Маҳмуд Шарифзода, гимназияи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик ҷойи 3-юм, М. Пириев, хонандаи синфи 8-и литсейи «Ориёно», Моҳпарии Рустам, хонандаи синфи 5-и мактаби №5-и шаҳри Бохтар, Назурбӣ Довудова, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд.

Дар номинатсияи «Хондану аз бар кардани адабиёти ҷаҳон»: Зокирҷон Назаров, магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 1-ум, Ёсуман Олимова, хонандаи синфи 8-и литсейи «Ориёно» ҷойи 2-юм, Толиб Шомуродов, корманди зоводи Трансформатори шаҳри Бохтар ҷойи 3-юмро сазовор гардиданд.

Дар номинатсияи «Шоирӣ»: Сафармади Аҳмад, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 1-ум, Фирӯза Мирова, хонандаи синфи 6-и литсейи «Ориёно» ҷойи 2-юм ва Саиднуриддин Исмоилзода, корманди театри «Лухтак»-и шаҳри Бохтар ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Қайд намудан зарур аст, ки соли гузашта низ шумораи зиёди донишҷӯёни донишгоҳ дар даври вилоятӣ ширкат доштанд. Умед дорем, ки имсол устодону донишҷӯён бо фаъолияти пурмаҳсули худ дар ин озмун шарафи донишгоҳро баланд мебардоранд.

    

 

Сангимурод Шарифов, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав