Дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Вай имконият медиҳад, ки кору фаъолияти омӯзгорони беҳтарин муаррифӣ гардад, ҳамзамон омӯзгорони ҷавон аз ҷумла таҷрибаомӯзон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти касбии худ аз маслиҳатҳои саривақтии устодон бархурдор гарданд.
Нақшаи дарси кушод дар асоси нақшаи тақвимии омӯзгор таҳия карда шуда, он аз ҷониби мудири кафедра пеш аз вақти баргузории дарс нусхабардорӣ шуда, ба ҳамаи омӯзгорони иштирокдори дарс тақсим карда мешавад. Дахолат ба рафти эродҳо, расонидани ёрӣ ба омӯзгор ва хонанда қатъиян манъ аст. Инчунин қафо мондан ба дарс ва пеш аз ба охир расониданӣ он баромада рафтан низ мумкин нест.
Ба омӯзгори дарсдиҳанда лозим аст, ки то саршавии дарс ба ҳамаи иштироккунандаҳо доир ба мақсади гузаронидани дарс ахбори мухтасар пешниҳод намояд. Инчунин набояд аз хотир баровард, ки омӯзгор хуҷаини дарси худ аст. Вобаста ба таҷриба ва малакаи касбӣ, мавзӯи дарс, сатҳи дониши шогирдон ва имконоти техникӣ ӯ метавонад дарсро аз пурсиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзӯи нав, ё аз иҷрои бозиҳои дидактикӣ оѓоз намояд. Муҳим он аст, ки дарс шавқовар гузарад ва хонанда фаъолияти бештар дошта бошад, хастагиву дилтанг нагардад ва омӯзгор дар анҷоми дарс ба ҳадафҳои худ расида тавонад.
Ногуфта намонад, ки истифодаи усулҳои муосирӣ таълим, аз қабили ҳуҷуми фикрӣ, дар ин ё он лаҳзаи дарсӣ ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мавзӯъ ва ё мафҳумҳо, санҷиши дутарафа ва истифодаи тахтаи электронӣ (дар сурати мавҷудият) ба самаранокии дарси омӯзгор ва шавқовар гузаштани он мусоидат менамояд. Дигар ин ки омӯзгор набояд вақти ба дарс ҷудошударо ба истифодаи барзиёди бозӣ ва дигар усулҳои дидактикӣ сарф намояд.
Сипас, ҳар яке аз иштирокдорони дарс хулосаҳои худро дар асоси нишондодҳои дафтари таҳлилҳо баён менамоянд. Дар ин маврид омӯзгорро рӯҳафтода накарда дар баробари норасоиҳо муваффақиятҳои кори педагогии ӯро низ ёдрас намудан лозим аст. Хуб мешуд, агар маслиҳати омӯзгорони соҳибтаҷриба якдафъина набуда, балки ҳамарӯза кӯмакрасони омӯзгорони ҷавон, хусусан таҷрибаомӯзон дар ташаккули касбии онҳо бошад, зеро ба воя расонидани мутахассисони кордон муддати тӯлоние ҳамкориро тақозо дорад.
Ҷамшед Шукуров – номзади илмҳои педагогӣ