Солҳои охир мафҳуми “бакалавр” вирди забони ҳама, бахусус аҳли зиё, қарор дорад. Агар зинаи таҳсилоти олии дар низоми байналмилалӣ эътирофшудаи бакалаврро қисме аз афроди ҷомеа ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ эътироф намоянд, пас, гурӯҳи дигар ин зинаро таҳсилоти олии нопурра меҳисобанд. Аксари хатмкардаҳои зинаи бакалаври муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд таҳсилро пас аз ин зина дар зинаи баъдипиломии магистр давом бидиҳанд, бар он андешаанд, ки мехоҳанд дараҷаи таҳсилашонро олии пурра гардо­нанд.

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2007, таҳти № 650 “Низомномаи ба­калавриат, мутахассис ва магистра­тура” қабул шуда, дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ дар се зина- “бакалавр” (ба истиснои мутахассисони соҳаи тиб), “мутахассис” ва “магистр” ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом пайгирӣ ва татбиқи амалии раванди ҷаҳонии Болонӣ дар низоми таҳсилот мебошад. Бакалавр зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳанӯз аз соли таҳсили 2008 бо мақсади таъ­мини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахас­сисони ихтисосманд қабул шудааст. Мафҳуми “бакалвр” ҳамчун истилоҳи англисии “bachelor s degree” дараҷаи олии эътирофшудаи байналмилалӣ аст.

 

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мафҳуми ба­калавр чунин омадааст, ки “бака­лавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки доир ба назария ва амалияи самти ихти­сосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст” мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муасси­саи таълимӣ” истилоҳи бакалаврро ҳамчун “дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ, ки шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амали­яи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд” шарҳ додааст. Бакалавр дараҷаи академии тахассусӣ буда, ба (шах­се) соҳибихтисосе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро тибқи та­лаботи нақшаву барномаҳои таъли­мии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ аз худ намудааст, дода мешавад. Ба дорандаи ди­пломи бакалавр ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки тибқи талаботи Таснифоти дав­латии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи “мутахас­сис” пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо баҳои хубу аъло хатмкардаҳои зинаи таҳсилоти олии бакалавр аз рӯи равия ва ихти­сос ҳуқуқи давом додани таҳсил дар зинаи баъдидипломии магистрро до­ранд.

 

“Магистр” тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии дар боло зикршу­да, дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие мебошад, ки баъди супурда­ни имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи ри­солаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию тадқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад. Мақсади он таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифи кишвар бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Тавре дар низомномаи магистрату­ра дарҷ гардидааст, ҳадафи таъсиси он таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои бай­налмилалии таҳсилот наздик наму­дан ва барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё кардан аст.

 

Тафовут пеш аз ҳама, дар барномаҳои таълимӣ аст. Агар дар зинаи “бакалавр” – бакалавриат дар муҳлати на камтар аз чор сол доир ба назария ва амалияи самти ихти­сосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро ҳосил карда, соҳибтахассус гардад, пас дар дараҷаи “магистр” дар давоми ду сол, магистрант дар самти муайяни ихтисоси қаблӣ (бакалаврӣ) таҳсил карда, соҳаи муайяни илмро интихоб мекунад, ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, барои минбаъд таҳсилро дар зинаи доктрантура PHD давом до­дан, омода мешавад. Нақши ниҳоии таҳсил дар низоми ҷаҳонии таҳсилот “бакалавр” + “мутахассис” = доктран­тураи PHD аст.

 

Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳи ДДБ