Тавре аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, шомилшавӣ ё худ рӯй овардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бештари кишварҳои дунёро сахт ба ташвиш оварда, ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.

 

Чуноне аз маълумоти расонаҳои хабарӣ аён мегардад, ҷалбшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пеш аз ҳама ба чунин сабабу омилҳо вобастагӣ дорад:

 

– маълумоти ҳаматарафа надоштан аз авзои сиёсии ҷаҳон;

– аз хатари ифротгароӣ огаҳии комил надоштан;

– зудбоварӣ ва афтидан ба доми гурӯҳҳои ташвиқотӣ;

– бе заҳмат ба даст овардани маблағи бе дарди миён;

– сатҳи пасти зиндагӣ;

– аз назари падару модар ва тарбиятдиҳандагон дур мондани кӯдакону наврасон;

– бархӯрдор набудан аз донишҳои кофии замонавӣ;

– дастрасии бештар ба интернет ва сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ.

 

Хушбахтона, ин масъалаи мубрами рӯз ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷаноби Олӣ зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо маърӯзаву баромадҳояшон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ масъалаи мазкурро мавриди таҳлил ва ҳаллу фасл қарор медиҳанд.

 

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Сарвари оқилу дурандеши мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳаёти наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти зиндагии онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат бори дигар қайд намуданд, ки “Ҷавонон бояд аз ақидаҳои хуруфотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил намуда, дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд”.

 

Воқеан, аз нисф зиёди аҳолии кишвари соҳибистиқлоламонро ҷавонон – фишанги асосии пешбарандаи ҷомеа ташкил медиҳанд. Ҷаноби Олӣ дар суханронии худ сифатҳои мардуми кӯҳанбунёду фарҳангофари халқи тоҷикро ба таърих, забон, фарҳанг, расму оин, маданияти либоспӯшии миллӣ алоқаманд намуда, бо ифтихор қайд намуданд, ки “Оламиён мову шуморо, қабл аз ҳама аз рӯи ҳамин сифатҳо мешиносанд ва эътироф мекунанд”.

 

Сарвари кишвар дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат тамоми паҳлуҳои дурнамои рушди илму маориф, беҳтар намудан ва самаранок ба роҳ монанди таълими илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникии наврасон, ҷавонону донишҷӯён ва аҳли зиё, роҳи васеъ кушодан дар самти навовариву ихтироъкорӣ, дастоварду мушкилоти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, Академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифату тарбияи кадрҳои илмӣ дар замони муосирро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди сохторҳои марбута ва кормандони он дар 14 банд масъалаҳои рӯзмараро пешниҳод намудаанд, ки онҳо ба ислоҳоти вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи Тоҷикистон равона карда шудаанд.

 

Пешвои муаззами миллат авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шароити кунунии мамлакатамонро ба инобат гирифта, рисолати аҳли зиё ва олимонро ба таври зайл нишон додаанд: “Онҳо парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд.

 

Илова бар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобати геополетикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад”. Ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди соҳибмаърифат ва соҳибватан, падару модарон, намояндагони тамо¬ми табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла мо, омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки дар иҷрои ин вазифаи масъулиятнок бетараф набуда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Акбар Ниёзӣ,

мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ

ба номи Носири Хусрав