Сухани табрикотии ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С.Х.
ба истиқболи 20-солагии нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ»
Шумораи нахустини нашрияи «Фурӯғ» 1 сентябри соли 2000, ҳамчун нашрияи Раёсати Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардида буд. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ва алалхусус, соҳаи маорифи кишвар ба таъсиси чунин рӯзномаҳои соҳавӣ зарурат дошт.

Нашрияҳое даркор буд, ки аз падидаи нави даврони истиқлол, бурду бохти устодону донишҷӯён, самтҳои фаъолияти онҳо дар ин боргоҳи маърифат паём расонад. Вақте ин нашрия арзи ҳастӣ кард, баъзе ашхос ба пойдории он шубҳа доштанд. Ин бесабаб набуд, зеро он замон кам набуданд нашрияҳои наве, ки ба душвориҳои иқтисодии давраи гузариш муқовимат карда натавониста, баъди интишори якчанд шумора аз фаъолият бозмонданд, вале нашрияи «Фурӯғ» ба ҳама рақобатҳо тоб овард, монеаҳоро паси сар кард, пеш рафт ва рушд кард.

Нашрияи «Фурӯғ» ба фазои матбуоти тоҷик бо нигоҳи хоси худ ворид шуд. Вақте ин нашрия арзи ҳастӣ намуд, дар фаъолияти раёсати донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он гӯё таҳавулоти куллӣ ба амал омад. Ҳафтанома ба қавле, танзимгари амали ҳар як корманди муассиса ва оинаи фаъолияти онҳо гардид. Инчунин, нашрия дар баррасии масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, фарҳанг ва адабиёт ҳамаҷониба саҳми арзанда гузошт. Бахусус, мубоҳисаҳои илмию адабие, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии хонандагон қарор доштанд.

Рӯзноманигорони вақт Рустами Хомарахш, Саодат Назарова, Қудратулло Наимов, Ҷамолиддини Сайфиддин, Файзимад Авлонов, Муҳаббат Маҳмадалиева, Нигора Толибова, Мавзуна Каримова, Аловиддин Риёев, суратгир В. Стеченсев ва дигарон аз зумраи эҷодкороне буданд, ки бо сарварии
муҳаррир Абубакр Чориев дар тавлиди шумораи аввалин ва шумораҳои минбаъдаи ин нашрияи соҳавӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Маҳз навиштаҳои онҳо саҳифаҳои рӯзномаро рангину
ҷолиб месохт ва ин боис мегашт, ки самтҳои фаъолияти донишгоҳ ба таври васеъ инъикос ёбад, робитаи бевоситаву бемонеа миёни устодону донишҷӯён ва кормандони ёрирасони
донишгоҳ, ибрози озодонаи андешаву ақида дар доираи қонун дар бораи матбуот барқарор гардад.

Хушбахтона, бо муътадил гаштани вазъ, таҳкими сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фурӯғ» низ неруи тоза гирифт. Имрӯз журналистон Шаҳноза Асоева,
Озодаи Рауф, Сафар Урозов таҳти роҳбарии сармуҳаррир Қудратулло Наимзода самаранок фаъолият мекунанд.

Инчунин, корманди нашрия Собир Маҳмадёров дар нашри босифату дастрасгардонии саривақтии рӯзнома ба муштариён нақши муҳим дорад. Таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаи таълимӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, такмили ихтисоси омӯзгорон ҷиҳати пешрафти раванди таълиму тарбия, тарғиби дастовардҳои тозатарини соҳаи маориф ва илм, омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ, инъикоси ҳаёти донишҷӯён аз мавзӯъҳои муҳими рӯзнома ба ҳисоб мераванд. Доираи мавзӯъҳои ҳафтаномаи «Фурӯғ» хеле бавусъат аст, вале мавзӯи меҳварии он дар ҳама давраҳои фаъолияташ ҳамоно инъикоси ҳаёту фаъолият ва бурду бохти устодону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад. Ҳафтанома дар интишору дастраси ҳамагон намудани дастуру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм,
фармоишҳои раёсати донишгоҳ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ, инъикосу густаришбахшии таҷрибаи пешқадами педагогӣ, тавзеҳи навгониҳои соҳаи омӯзгорӣ,
навовариҳо дар таълиму тарбия ва равшанибахшӣ ба фаъолияти донишгоҳ нақши бағоят муҳим мебозад.

«Фурӯғ» аз нашрияҳои соҳавие маҳсуб меёбад, ки суроғаи электронии нашрия бо
номи «furugh2000» фаъол буда, ҳар ҳафта беш аз 50-60 навиштаи омӯзгорону донишҷӯён тавассути он ба ҳафтанома ворид мегардад. Воқеан, дар идораи рӯзнома муҳити солими эҷодӣ ҳукмфармост. Маҳз бо ёриву астгирии роҳбарияти ДДБ ба номи Носири Хусрав барои кормандони
нашрия шароити созгори корӣ фароҳам гардидааст, ки ин тадбир албатта, ба самарабахштар шудани фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷолибтар гардидани матолиби рӯзнома мусоидат намуда истодааст.

Теъдоди нашри ҳафтанома баъди ба эътидол омадани вазъи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Агар соли 2001 теъдоди обуна 700 нусхаро ташкил диҳад, дар нимсолаи аввали соли 2020 теъдоди
обуна ба 10 ҳазор нусха расид. Бояд иброз намоем, ки рӯзномаи «Фурӯғ» сол аз сол ҳам
аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи ороишу ҷобаҷогузории мавод ҷолибу рангин мегардад, ки инро мо дар нав шудани рубрикаҳои он мушоҳида мекунем.

Дар саҳифаҳои рӯзнома як қатор рубрикаҳо, аз қабили «Дар партави Паём», «Масири дӯстӣ», «Амнияти миллӣ», «Ватандорӣ», «Рисолат», «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ», «Тарбия», «Мушкилот», «Варзиш», «Нуқтаи назар», «Забондонӣ», «Мулоқот», «Ҳамоиш», «Андарзи бузургон» таъсис дода шуданд, ки фарогири мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ буданд. Агар ба таври умумӣ ба шумораҳои дар соли таҳсили 2019-2020 ба нашр расонидаи ҳафтанома нигарем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки рангорангии мавод, нав шудани рубрикаҳо ва аз ҳама муҳим ҳамовозии доимии рӯзнома ба муҳимтарин ҳаводиси ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии донишгоҳ далели ҷолибияти нашрия аст.

Иқдоми дигари шоистаи ҳайати эҷодии ҳафтанома дар соли таҳсили 2019-2020 истиқболи гарм ва ҳамовозӣ ба муҳимтарин руйдодҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ ва фарҳангии донишгоҳ мебошад. Аз
ҷумла бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табии ва риёзӣ» ба он боис гардид, ки ҳафтанома рубрикаи «Бистсолаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ»-ро таъсис дода, як қатор мақолаҳои устодони соҳибкасбу донишҷӯёни донишгоҳро ба нашр расонад. Тарғибу тараннуми мавзӯи Ватану ватандорӣ, Истиқлолияту худшиносӣ, риояи меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи конститутсионӣ, расидан ба қадри мафҳумҳои муқаддас, аз қабили Ватан, Модар, Парчам, Забон, миллат, омӯзгор – устод дар рӯзнома мавқеи асосиро ишғол намуда, зери рубрикаҳои «Ватандорӣ», «Рисолат», «Забондонӣ» баррасӣ ва пешниҳоди хонанда мегарданд.

Тарғиби мавзӯҳои маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тарбиявӣ- ахлоқӣ, оилаву оиладорӣ, дастовардҳои варзишии устодону донишҷӯён аз мавзӯъҳои меҳварии рӯзнома маҳсуб ёфта, дар ин самт рӯзнома
пайваста маводҳои ҷолибро пешниҳоди хонандагон гардонида, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбиявӣ ва тарзи ҳаёти солимро дар ҷомеа тарғиб мекунад.

Дар шароити имрӯза тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ ва дурӣ ҷустан аз ҷараёнҳои хатарноки тундгарои динӣ мавқеи асосиро касб кардааст. Ба ин масъалаҳо нашрияи «Фурӯғ» бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, навиштаҳои арзишманду пурмуҳтаворо зери рубрикаи «Амнияти миллӣ» ба нашр мерасонад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки имрӯз саҳифаҳои рӯзномаи «Фурӯғ» ба майдони суханпардозии устодону шогирдони донишгоҳ ва берун аз он, ки мавзӯъҳои мубрами ҳаёту рӯзгори эшонро дар
бар мегирад мубаддал гаштааст. Умед дорем, ки «Фурӯғ» минбаъд низ мавқеашро устувортар, робитаашро бо донишҷӯёну устодон тақвият дода, муҳтавои он боз ҳам ҷолибу рангинтар мегардад.
Он дар рушду нумӯъ ва баланд бардоштани маърифати хонандагони хеш мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи сазовори 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси
масъалаи меҳварии «Фурӯғ» қарор дошта, бо ин мақсад нақша –чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он дар ҳар шумора навиштаҳои ҷолибу хонданӣ пешниҳод карда мешавад, ки меҳвари навиштаҷотро тарғибу тавзеҳи бунёдкориву созандагиҳо дар кишвар ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи Раёсати донишгоҳ аҳли эҷоди нашрияи «Фурӯғ» ва ҳаводорони онро ба ин санаи муҳим табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нави эҷодиро таманно
дорем.