Бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ва вусъат ёфтани низоъҳои геопалитикӣ аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ аз василаҳои гуногун мақсаднок истифода намоем. Яке аз василаҳои муҳиму таъсиргузор дар ин самт воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб мераванд.

Моҳи сентябри соли 2000-ум барои ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии собиқ Қӯрғонтеппа ҳозира Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар ин сол рӯзномаи умумидонишгоҳии «Фурӯғ» таъсис ёфт, ки имкони баёни андешаро барои устодону донишҷӯён фароҳам овард. Аз соли таъсис то ба имрӯз ин нашрия марҳила ба марҳила рушд намуда, мазмун ва сифати маводҳояш низ беҳтар гаштааст. Қайд намудан зарур аст, ки саҳми нашрияи мазкур дар боло рафтани маърифату ҷаҳонбинӣ, дарки воқеъият ва шинохти оламу одам барои устодону донишҷӯён хеле назаррас аст. Устодону донишҷӯён пайваста дар саҳифаҳои ин нашрия мавзӯъҳои муҳимму рӯзмарраро баррасӣ ва пешниҳоди хонандагон менамоянд, ки онҳо аҳамияти хосса доранд. Дар рӯзнома чопу интишори маводҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки барои устодони ҷавон ва донишҷӯён чун воситаи таълим ва фаъолияти гуногун васеъ истифода мешаванд.

Рӯзномаи «Фурӯғ» дар тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ низ нақши калон дорад. Ҳамасола донишҷӯён ба рӯзнома ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд ва матнҳои аввалини эҷодии шогирдонаашонро интишор менамоянд. Барои бисёр рӯзноманигорони вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ, хоса банда рӯзномаи «Фурӯғ» чун макони илму ҳунару эҷод азизу муқаддас аст. Дар замони донишҷӯӣ ва ҳоло ҳам бо ин нашрияи дӯстошта ҳамкории зич дорам. Ҳар шумораи онро мунтазир мешавам ва бо завқи хосса онро мутолиа менамоям. Дар воқеъ, рӯзномаи «Фурӯғ» фурӯғи рӯзгори ҳазорон нафар буда, аз саҳифаҳои он метавон набзи ҷомеа ва донишгоҳро эҳсос кард.

Дар давоми 20 соли фаъолият рӯзномаи «Фурӯғ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии ҳазорон хонанда ва тарбияи мутахассисони гуногун саҳми муносиб дорад. Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, аҳли қалами рӯзномаро ба муносибати 20- солагии таъсиси нашрия шодбош гуфта, дар корҳои минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно дорам.

Сангимурод ШАРИПОВ,
номзади илмҳои филологӣ,
иҷрокунандаи вазифаи декани факултети филологи