Бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни фаъол вохӯри баргузор гардид.
Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав зикр намуд, ки 1 сентябрро иттифоқи касабаи меҳнаткашони кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ ҷашн мегиранд. Ҳамасола ин ҷашн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷашн гирифта мешуд, аммо имсол бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус дарси сулҳ дар мамлакати мо 17 август оғоз гардид.
Сипас, Муҳиддин Ширинзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон иброз намуд, ки ҳаракати иттифоқҳои касаба дар радифи муттаҳидсозии меҳнаткашони соҳаҳои мухталиф метавонад имрӯз таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни коргарон фаъолият мебаранд.

dav

«Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷойи кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда, якдилию якпорчагӣ ва созандаю бунёдкорӣ дар мамлакат муаян мегардад», – афзӯд Муҳиддин, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон.
Дар охир, ба донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд 4 адад обҷӯшонаки барқии 50 литра ва дигар маҳлулҳои антисептикӣ барои донишҷӯёни хобгоҳ аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон тақдим гардид.
Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ