Имрӯз 5-уми октябри соли 2020 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар қисмати аввали чорабинӣ Шарипов Сангимурод, декани факултети филологияи тоҷик суханронӣ намуда забони давлатиро ҳастии миллат ва нишони давлатдорӣ унвон кард.

“Фарҳанги оламгир ва аксари асарҳои пурғановати адибони машриқзамин, ки дунёро тасхир намудааст маҳз бо забони модарии мо, забони тоҷикӣ навишта шудаанд. Ҳифз ва покиза нигоҳдории онро қарзи шаҳрвандӣ, намунаи олии худшиносию ватандӯстӣ маънидод намуда, мавсуф таъкид дошт, ки ҳарчи бештар ҳисси ифтихори миллиро дар вуҷудамон парвариш диҳем”- афзуд С. Шарипов.

 

Омӯзгори факултет Аҳмадов Сафармад вобаста ба таърихи пайдоиш, ташаккул ва таҳаввули забони форсӣ-тоҷикӣ дар мавзӯи «Забон омили асосии ҳуввияти миллат» маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.

Меҳрубон Назаров, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ факултет дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи  забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд.

Зимни баромади худ зикр намуд, ки  «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».

Сипас аз ҷониби устодони факултет дар мавзӯъҳои вобаста ба нақши забони адабӣ ҳифзи забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Дар хотима донишҷўён дар васфи забон ва ҳифзи ин рукни бебаҳо аз зуҳуроти бегона пораҳои шеърӣ қироат намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ