ДУРӮҒГӮЙ
Модар аз Салим, ки дар синфи се мехонд, пурсид:
– Ба ту муаллими нави ҳисобатон маъқул шуд?
Салим гуфт:
– Не, ӯ дурӯғгӯй будааст!
– Чӣ гуна?, -ҳайрон шуда пурсид модар.
Салим гуфт:
Дирӯз гуфт, ки панҷ ҷамъи чор нӯҳ мешавад. Имрӯз бошад, мегӯяд, ки се ҷамъи шаш нӯҳ аст!
ЧАРХИ ТАЪРИХ
Мақсуд аз мактаб баргашту ба падараш гуфт:
– Падарҷон, ёд доред, гуфта будед, ки шуморо бино бар бадахлоқиатон аз мактаб ронда буданд?
Падар гуфт:
– Бале, писарам, дар ёд дорам.
Мақсуд гуфт:
– Пас чӣ ҷои таассуф, ки чархи таърих давр мезанад?…
ҚАНД ДАР ДАРУНИ ҚАҲВА
Муаллим ба хонандагон супориш дод, ки аз калимаи қанд ҷумла созанд. Пас Нозимро аз ҷой хезонду гуфт:
Канӣ, Нозим, ҷумлаатро бихон!
Нозим хонд:
– Ин субҳ мо бо аҳли оилаамон қаҳва нӯшидем.
Муаллим гуфт:
– Дар куҷои ин ҷумла калимаи «қанд» аст?
Нозим гуфт:
– Дар даруни қаҳва!
САМТГУМКАРДА
Муаллими ҷуғрофия аз Умар пурсид:
– Умарҷон, агар дар тарафи чапат Ғарб ва рӯ ба рӯят Шимол бошад, пас
дар пуштат чӣ воқеъ аст?
Умар бе ҳеҷ андеша гуфт:
– Девор.
Таҳияи Ш. АСОЕВА