Ба таваҷҷуҳи масъулини таҳсилоти рӯзона ва фосилавии донишгоҳ расонида мешавад, ки ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16.10.2020 соати 8:00 дар толори Раёсати донишгоҳ гузаронидани аттестатсияи хатми такрорӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Аз ин рӯ, масъулини факултетҳоро зарур аст, ки вобаста ба бақайдгирии хатмкунандагон аз рӯи ду самт (табии-риёзӣ ва гуманитарӣ-ҷамъиятӣ) ҳайати комиссияро таъсис дода, ба қисми таълим пешниҳод намоянд. Ёдрас мешавем, ки муҳлати бақайдгирӣ бо риояи талаботи аттестатсия хатм дар шуъбаи умумӣ аз 12 то 15-уми октябри соли 2020 муайян карда шудааст. Масъулияти таъмини нусхаҳои саволномаҳо, суратҷаласаҳо, варақаҳои ҷавоб ва варақаҳои имтиҳонӣ ба зиммаи садорати факултетҳо ва таҳсилоти фосилавӣ вогузор карда мешавад.