Илму дониш ба инсон имконият медиҳад, ки соҳибистеъдод гардад, мулоҳизакор бошад,  маърифати баландро соҳиб гашта, комилҳуқуқ бошад. Маҳз омӯзиши илму маърифат пойдевори бузурги зиндагии дуруст дар ҳаёти шахси соҳибмаърифат мегардад.

 

Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст, ки болидаруҳиву фазлу камоли инсонро нишон медиҳад. Агар кас илму дониши омӯхтаашро дар ҳаёт амалӣ гардонад, ӯ шахсест бузургдил, ки ҳаётро омӯхтаву мулоҳизакор гаштааст. Соҳибилм соҳибиззату соҳибкамол ва намунаи ибрати ҳамагон аст. Аммо шахсе, ки аз илму дониш бохабар нест ва низ намекӯшад, ки соҳибилм бошад, худ оқибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. Лекин умр барои инсон ҳамагӣ як бор дода мешаваду шахсе, ки онро пайи амали носавобе сарф мегардонад, хатои бузурге содир менамояд. Танҳо ва танҳо донишу илм бояд омӯхту амал намуд, то ҳаёт хубу бамавриду бо номи нек гузарад.

 

Илм аст, ки инсонро ба роҳи росту равшан ҳидоятгар аст. Агар мо аз айёми кӯдакӣ дар роҳи илм талош варзем дар оянда ҳеч гоҳ гумроҳ нахоҳем гашт. Инсониятро дар баробари дигар фарзиятҳо омӯзиши илм низ фарз гардиааст. Мо, ҷавононро лозим меояд, ки ҳар лаҳзаи вақти хешро барабас надиҳему аз пайи омӯзиши илму дониш бошем.

 

Вақтро ғанимат шумурда, барои истифодаи самараноки он талош варзем. Илму дониш дар зиндагӣ равшангари шоми торики орзуҳост. Бузургони адаб беҳуда нест, ки дар ҳама шароит рӯ ба китобу китобхонӣ андохта, бо тамоми ноҷуриҳои рӯзгор аз омӯзиши илм даст набардоштаанд. Дар воқеъ, тамоми заҳматҳои шабонарӯзиашон буд, ки то имрӯз садсол пас номи неки онҳо чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Айнӣ ва дигарон то замони мо омада расидаанд.

 

Албатта, мо акнун дар шароити хубу муосир зиндагӣ менамоем, бояд дар чунин ҳолат дониш омӯзем. Дар баробари ин, барои ояндаи дурахшони хеш ва миллат амалҳои некро анҷом диҳем. Бо дониши комили худ дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар намоем. Тавассути илму ҳунар давлату миллати тоҷикро ба дигарон ошно созем.

 

Шукрулло САФАРОВ,

донишҷӯи курси 2 факултети математика- информатика