dav

Ҳафтаи гузашта ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор,омодагӣ аз эҳтимолияти сар задани он дар биноҳои таълимии донишгоҳ аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

Аз ҷониби масъулин дар ҳамаи биноҳо ва синфхонаҳои таълимии донишгоҳ, ошхона, китобхона, китобхонаи электронӣ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва устохонаҳои донишгоҳ пурра дохили биноҳои асосии донишгоҳ мавридии санҷиш қарор гирифт. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки роҳбарияти факултетҳо аз натиҷаи санҷиши Раёсати назорати давлатии бехатари аз сӯхтори ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон хулосаи даркорӣ набароварда дар самти риояи бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамаи биноҳои асосии донишгоҳ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Аз ҷумла, дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ нақшаи кӯчонидани одамон (эвокуатсия) то ҳол тартиб дода нашудааст. Сипари оташнишонӣ аз сӯхтор дар факултет тамоман вуҷуд надорад ва варақаҳои огоҳкунандаи зидди сӯхтор овезон нашудааст.

 

Нуқтаи асосии тақсимкунаки барқӣ дар ҳолати ғайри талаботи риояи қоидаҳои истифодабарии ноқилҳои барқӣ васл карда шудааст ва дар ҳуҷраи либос ивазкунии донишҷуён васлкунаки барқӣ ва хомӯшкунаки барқӣ васл карда нашудааст, ҳатто ноқилҳои барқӣ безарар гардонида нашудааст, ки ин ҳолат ба ҳаёти донишҷуён метавонад хатари ҷиддӣ намояд.

 

Дар ҷойҳои муаяншуда ва роҳравҳои дохили бино оташнишонакҳои дастӣ гузошта нашудааст. Ҳамин гуна ҳолатҳо дар факултетҳои физика, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷмент ва низоми гумрук, математика-информатика, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, литсеи назди донишгоҳ, ошхонаи литсей, китобхона, хобгоҳи донишҷӯён низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар ҷойҳои лозимаи хобгоҳ, махсусан нуқтаҳои хӯрокпазии донишҷӯён, роҳравҳои дохили хобгоҳ оташнишонакҳои дастӣ гузошта нашудааст, Дар ҳуҷраҳои №204, 206, 208 худи донишҷӯён худсарона ноқилҳои барқиро васл намуда, қувваи барқро истифода бурда истодаанд. Дар ҳуҷраҳои №126, 127, 130 бошад васлкунак ва хомӯшкунаки барқӣ гузошта нашудааст. Қайд кардан зарур аст, ки новобаста аз ташкили нуқтаҳои хӯрокпазӣ дар хобгоҳ донишҷӯён худсарона дар ҳуҷраҳои худ барои хӯрокпазӣ асбобҳои барқии худашонро истифода мебаранд. Ҳангоми санҷиши ҳуҷраҳо аз донишҷӯён 4-дона плиткаи барқӣ ва 1-дона обҷӯшонакӣ барқӣ мусодира карда шуд.

 

Чунин санҷиш дар ҳамаи биноҳо ва синфхонаҳои таълимии донишгоҳ, ки дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ҷойгир аст гузаронида шуд. Санҷиш нишон дод, ки роҳбарияти факултетҳо ва мудирони биноҳои ёрирасон дар соли таҳсили 2020-2021 оиди риоя ва иҷроиши самтҳои дар боло нишон додашуда қариб, ки ба якхел камбудиҳо роҳ додаанд.

 

Пас аз санҷиш, ба ҳамаи масъулини факултетҳо ва намояндаҳои дигари биноҳои ёрирасони донишгоҳ барои бартарафкунии камбудиҳои ошкоршуда муҳлати иҷро дода шуд.

 

М. ФОЗИЛОВ,

сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар

ДДБ ба номи Носири Хусрав