Имрӯз, 28-уми октябр бахшида ба 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию адабии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд, ки дар он Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Сангимурод Шарипов, декани факултети филологияи тоҷик ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуд иброз намуд, ки Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири ширинкалом бо ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мавқеи босазо дошта, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти  деринсолаи халқи тоҷик, дар радифи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддини Айнӣ  шўҳрати фарҳангу адаби моро оламгир  гардонидааст.

 

Дар конференсия зикр гардид, ки Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри хушманзараи Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии шоир дар зодгоҳаш гузашта баъди таҳсилоти ибтидоӣ барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар намуда, дар мадрасаҳои ин шаҳрҳои бузург таҳсили илм намудааст. Камол бештар ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси бсандозае дошта, мероси адабии ў хеле пурсарват ва рангоранг мебошад. Мақоми шеъри Камоли Хуҷандӣ, ки шинохти ҳақиқати зиндагист, дар ташаккули афкору андешаи инсонҳо нақши муҳим дошта, баёнгари рӯҳи тавоно ва сеҳрангезу каломи нотакрори шеъри оламгири тоҷик мебошад.

“Имрӯз каломи сеҳрангези ин шахсияти олами шеъру шоирӣ на танҳо дар қаламрави кишварҳои форсизабон, балки дар кулли кишварҳои Шарқу Ғарб фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикии модари моро муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии миллат, ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз – забони давлатӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад”, – афзуд Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим.

 

Дар чорабинии илмӣ Искандар Икромов, профессори кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Жанри қитъа дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ” ва Шарофат Азизова, донишҷӯи соли 4-уми ихитисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ” маърӯзаҳоро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

Сипас, дар бахши фарҳанги донишҷӯён қироати шеърҳотаз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, саҳнаи бадеӣ аз рӯзгори Камоли Хуҷандӣ, рубоихонӣ аз эҷодиёти шоир дар иҷрои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешкаши иштирокдорон гашт.

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ