Саразм яке аз бозёфтҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо рушди маданияти кишоварзӣ ва шаҳрсозиаш ба феҳрасти ёдгориҳои умумибашари ЮНЕСКО шомил гаштааст. Саразм бо хусусияти таърихӣ доштанаш метавонад, ки гузаштаи тамаддунофарии аҷдодони моро собит созад.

 

Бояд гуфт, ки дар Саразм ва Панҷакенти қадим соҳаи кишоварзӣ хуб таррақӣ карда буд ва он ба системаи обёрии ҳамонвақта вобастагӣ дошт. Бостоншинос Усмонҷон Эшонқулов тадқиқот бурда, оид ба истифодаи об ва системаи обёрӣ, мутахассисони соҳа, истифодаи заминҳои корам дар водии Зарафшон қайд намудааст, ки дар наздикии Саразм сойи Қирқарча ҷойгир шудааст ва манбаи он чашмаҳо мебошанд. Ҷӯякҳои кандаи саразмиён, ки он ба рафти пастхамӣ тӯл мекашид, тавре канда шуда буданд, ки оби сой ба онҳо рехта, бо вақти муайян киштро бо об таъмин мекарданд. Баъдтар саразмиён кофтани чоҳро омӯхта аз оби чоҳ (обанбор) истифода мебурданд.

 

Истифода бурдани об барои аҳолӣ, чорво, сохтмон, шустушӯ аз рӯдхона ё ҳавзҳое, ки об дар он такшин мешуд, яке аз дастовардҳои кишоварзон ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб баъд аз овардани об дар нуқтаҳои аҳолинишин обанборҳои гуногунҳаҷм ба вуҷуд омадаанд.

 

Яке аз ин ҳавзҳо – обанборҳо дар тарафи ҷанубу шарқии ҳафриёти 2 (Саразм) ҷойгир аст, ки диаметри он 50 метр ва чуқуриаш 3 метрро ташкил медиҳад. Ҳавзҳо дар ҷойҳое, ки барои хиштрезӣ аз замин хок мегирифтанд, пайдо шудааст, ки барои бо об таъмин кардани ҳайвонот истифода мешуд. А. Исҳоқӣ бо ковишҳои худ исбот намудааст, ки дар аҳди биринҷӣ дар миёнаи ҳамвории Саразм ҳавз будааст. Ҳавз дар асрҳои миёна, дар натиҷаи пайдо шудани хоктеппаи табиӣ пайдо шудааст. Дар давраи кор кардани иншооти обёрӣ дар зери хоктеппа роҳи обгузар барои обпарто буд.

 

Ҳангоми ҳуҷуми муғулҳо дар асри 12 канал бекор монда, хоктеппа фурӯ рафта, роҳи обгузари обҳои партовро бастааст ва дарғот ба вуҷуд омада, ба кӯли муваққатӣ табдил ёфтааст. Вобаста ба ин, муайян гардидааст, ки солҳои 30-юми асри 18 заминҳои аз сойи Қирқарча шодоб мешуда беназорат монда буданд. Солҳои 1818-1820 мелеоратори замони худ Халифа Ҳасан аз Амир Ҳайдари Манғитӣ  – амири Бухоро иҷозатнома гирифта, бо каме кумакпулие, ки Амир Ҳайдар барояш дода буд, аввал ба кандани ҷӯй дар самти ҷанубу ғарби шаҳри Панҷакент шуруъ кард ва дар андак муддат ба воситаи ҷӯйбори сунъии рӯди кӯҳии Қирқирча 460 гектар заминро обшор намуд.

 

Исроил ХАЛИЛОВ,

магистри соли аввали факултети иқтисодӣ