Дар китоби муқаддаси «Авесто»-и Зардуштиён шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» асоси фаъолияти ниёгонро инъикос менамояд. Агар мо ин ибораҳоро таҳлил кунем, ҷавҳари асосии онро некӣ ташкил медиҳад. Пиндор-фикр, андеша, хаёл аст.

 

Инсон дар муносибат бо одамон бояд пеш аз ҳама, боандеша бошад. Ҳангоми сӯҳбат бо якдигар бе донистани ҳолати рӯҳии одам баҳсу мунозира ва ҳазлу шухӣ кардан аз рӯи одоб нест. Як сухан метавонад дили одамро ранҷонад, боиси озурдахотирӣ шавад, ё муносибати онро аз байн барад. Сухан мисли ханҷари тез аст. Тафовут он аст, ки ханҷар бо як зарба мекушад, забон оҳиста-оҳиста.

 

Сухандонӣ низ қоида ва талабҳои ба худ хос дорад. Дар лаҳзаҳои баҳсу мунозира бо диққат фикру мулоҳизаҳои мусоҳибро гӯш кардан, оташин нашуда, бо чеҳраи кушода, каме бошад ҳам бо овози пасту нарм бо факту далел гап задан ҳунар аст. Ҳатто гапи дуруст ҳам, агар бо ғазаб ва нафрат баён гардад, ба дашном монанд мешавад. Сухан ганҷинаи бузургест, ки инсон орзу ва амалҳои худро баён мекунад. Суханҳои беҳтарин метавонад бетарбияро тарбия кунад, ё аз роҳи бехирадӣ ба хирад даъват кунад.

 

Инсони асил ҳамеша дар зиндагӣ кӯшиш мекунад, ки намунаи ибрати дигарон бошад. Ӯро ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб ва ибратомӯз ҳама эҳтиром намоянд. Маҳз адаб ҳусни инсон аст. Адаб аст, ки инсонро хушрӯй, меҳрубон ва шахсияти инсониамонро муайян мекунад.

 

Вазифаи ҳар як шахси солим, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки худро дар рӯҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбия намояд. Фарзанди хуб ҳамеша мисли дарахтони пурбор ҳосили хубу фаровон меорад. Фарзанде, ки дар оила тарбияи дуруст мегирад, хиради воло ва ақли солим дошта, бевосита сазовори хислатҳои хубу осоишта ва обрӯю эътибори муҳити волидони хеш мегардад.

 

Одами оқилу хирадманд ҳамеша дар пайи иҷрои амалҳои хуб мебошад. Номи некон аз ёдҳо берун намеравад ва мардум баъди ҳазорсолаҳо ҳам онҳоро ёдоварӣ мекунанд.

 

Ҳусниддин ЧОРИЕВ,

донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология