Субҳ бо нури хеш оламро мунаввар мегардонад, вале об вуҷуди оламу одамро пок сохта, онро равшан мекунад. Сарчашмаи ҳаёт аз об аст ва онро бидуни об тасаввур карда наметавонем.

 

Об – ин сароғози шукуфоии дашт, гулу гулзорҳо, ободии манзилҳо ва амали гаштани орзую умедҳои инсон аст.

 

То даме, ки об ҳаст ҳаёт, зиндагӣ, меҳр ва муҳаббат аст. Зебогии ҳаёт, ҳусну таровати он маҳз ба туфайли об аст. Аз садои об, ки дар мавҷҳои худ лаззати ҳаётро меорад, болотар суруди хуш ва садои фораме нест. Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир аст.

 

Ҳикмати халқро, ки «об рӯшноӣ» мегӯянд медонем, пас имрӯз аз шеваи дили дарё низ огаҳ мешавем, ки бо ин бесаводиву безабониаш дар дил чӣ розҳо, чӣ гуфтаниҳо дорад.

 

Дарё мегӯяд: ман он рӯдеям, ки дар роҳи пурпечутоб на санги раҳро мешиносаму на соҳилро. Ман он дарёи якраву пурошӯб ҳастам, ки фақат шеваи дилро мешиносам. Меравам аз миёни дараҳои танг, мегурезам мисли ҷонвари аз шикор ҳаросида, намедонам, ки дар охир чӣ интизорам аст.

 

Замоне мешавад, ки мисли шоир парешон мешаваму мехоҳам аз тангно сӯйи паҳно гурезам, ё мисли ошиқи дурикашида мехоҳам домани дашту даманҳоро бигирам. Мехоҳам, дар даштҳо парешон гардаму худро дар парешонӣ шиносам ва ба сад шохоб пора гардаму дили сахти заминро нарм созам. Ҳар як шохоби ман дар дашт мисоли панҷаҳои дасти боз асту ҳар як зарраи хок ба ман муҳтоҷу ҳар ташнаро рӯйи ниёз бар ман аст. Ман он рӯдам, ки мехоҳам аз кӯҳи баланде бо амри ҳамеша ба пастиҳо раваму дар дашту саҳро худамро гум кунам ва аз ман ҳар касе боғи зебо бунёд кунад. Ман худ медонам, ки оғози ман аз санг аст, вале мехоҳам анҷоми ман фақат

гул бошад…

 

Бегаҳе хостам лаби дарё раваму нишинам ва бубинам он рӯзи рафтаи худро ва дар хаму тоби дарё бубинам ба чӣ монанд аст ожанги пешонаам. Хостам аз дарё шоириро биёмӯзам, зеро шеъраш обдору равон аст, зебогуфтор асту афсонаи ӯ ҳайратангез.

 

Албина МИРЗОКУЛОВА,

донишҷӯи курси 3 факултети забони англисӣ