Дар таърихи ҳар як халқу миллат баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки онҳо

тақдири ояндаи халқу миллатро аз пошу парокандагӣ ва нобудшавӣ нигоҳ до-

шта, ба оянда, ба дуриҳои дур ҳидоят менамояд. Ҳамин гуна воқеияти таъ-

рихии тақдирсози миллати мо рӯзи 6- ноябри соли 1994 дар рӯзи раъйпурсии

умумихалқӣ қабул ва амалӣ гардид, ки ин Конститутсияи навини давлати

соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонуни асосии ҳар як давлат Конститутсия буда, дар асоси он хусусиятҳои давлат ва муносибатҳои мутақобилаи сохторҳои гуногуни қудратӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин, ҳар як давлат бояд Конститутсияи худро дошта бошад. Дар Конститутсия ҳуқуқҳои асосӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон муқаррар карда мешавад ва асосҳои низоми сиёсии давлат дар он баён мегардад. Ҳуҷҷати муҳимтарини ҳуқуқии дигар меъёрҳо агар ба Конститутсия мухолифат кунад, эътибор надорад. Бинобар ин, Конститутсия қонуни олӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия дар баробари бештар муайян намудани арзишҳои асосӣ ва сохтори давлатӣ дастовардҳои фарҳангиву сиёсии халқро низ инъикос мекунад.

 

Қабули Конститутсия аз тарафи шаҳрвандон,ки дар аксар ҳолатҳо аз тарафи намояндагони онҳо ба тасвиб мерасад, раванди муҳими сиёсӣ аст. Хеле муҳим аст, ки мардум ҳуҷҷатеро, ки зиндагии онҳоро ба танзим медарорад, қабул менамояд. Инкишофи Конститутсия бо рушди Тоҷикистон алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногун панҷ Конститутсия қабул карда шудааст: солҳои 1929,1931,1937,1978 ва 6 ноябри соли 1994.

 

 

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил Конститутсияи аввалинашро баъд аз раъйпурсии умумихалқие, ки 6 ноябри соли 1994 гузаронид, қабул намуд. Дар таърихи 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсия аз тарафи суди олӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути ахбори омма паҳн гардид. Вале ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон аланга зад ин равандро боздошт. Дар таърихи навини Тоҷикистон Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, нақши босазое дорад. Яке аз хусусиятҳои муҳими Иҷлосияи таърихӣ аз он иборат аст, ки дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимият як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

 

Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ», «Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчам ва Нишони давлатӣ», «Дар бораи ташкил кардани вилояти Хатлон» дар ҳайати ҶТ дар ҳамин шумор буд.

 

Дар маҷмӯъ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Президиуми Шӯрои Олӣ Конститутсияро 13 апрели соли 1994 интишор намуд. Лоиҳаи Конститутсия дар воситаҳои ахбори омма 21 -22 апрели соли 1994 нашр шуд. Конститутсия ҳамчун як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлатӣ хулоса, муҳимтарин самтҳо, равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтааст, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Имсол мо мардуми Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихии худ 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

 

Мо – ҷавонон бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо масъулияти баланди ватандӯстӣ нисбат ба Конститутсияи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ эҳтиром гузошта, меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро ба ҷо оварда истодаем. Ин ҷашни мубораки миллӣ ба густариш ва таҳким ёфтани худогоҳию худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, ватанпарастии ҳар фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, боиси боз ҳам ободу зебо шудани Ватани азизамон – Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Муҳаммадшариф КАРЛУГОВ,

донишҷӯи курси чоруми факултети таърих ва ҳуқуқ