Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ аён мегардад, ки тоҷикон аз зумраи он халқҳое мебошад, ки дар ташаккул ва рушду нумӯи қобилияти ақливу зеҳнӣ ва тамаддуни инсонӣ нақши назаррас гузоштаанд. Халқи тоҷик дар давоми ҳастии хеш яке аз он мардумоне ба шумор меравад, ки дар сохтмон ва бунёди давлати адабқудрат, офариниши арзишҳои фарҳанги инсонӣ, пойдории адолат ва озодӣ, риояи ҳуқуқ, офариниши осори беназири ахлоқи волои инсонӣ ва кашфиёти нодири илмӣ мақоми бузургро соҳиб аст.

 

Аҷдодони гузаштаи мо илмро аз ибтидо холисона, бидуни манфиати шахсӣ, аз рӯи ҳадафи муайян, танҳо бо мақсади рушди илм ва манфиати халқу миллат истифода кардаанд. Маҳз ҳамин омил ба онҳо имкон дод, ки эшон дар ин роҳ ба қуллаҳои баланди илмӣ расида, саҳми арзандаи хешро дар ташаккул ва рушди илму фарҳанги башарият гузоранд. Ҷиҳати собит сохтани ин масъала метавон аз фарзандони бузурги халқамон, яъне Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон бо ифтихор ном бурд.

 

Имрӯз масъалаи дар кадом ҳолат қарор доштани илму маърифат ба ҳама маълум аст. Вақте ки инсон кореро ба анҷом мерасонад, пеш аз ҳама, ӯ бояд аз кори кардааш ғизои маънавӣ гирад, яъне ҳаловати руҳӣ барад. Дар сурати танҳо ба хотири манфиати моддии шахсӣ анҷом додани амале, мантиқан он кор босифат нахоҳад буд, зеро дар ин кор мақсад ва ҳадафҳои шахсӣ бартарият дорад, на манофеи ҷамъиятӣ. Мусалламан кори ба манфиати шахсӣ нигаронидашуда аз шавқу ҳавас ва таҳти дил иҷро карда намешавад.

 

Ҳар яке аз мо дар бисёр мавридҳо ба худ суолҳои зиёд медиҳем, ки чаро дигар ба монанди Рӯдакӣ- шоир, Ибни Сино-табиб, Берунӣ-ситорашинос ва ғайра ба олам намеояд? Дар ёфтани ҷавоби муносиб ба ин гуна саволҳо шигифтзада ва лол мемонем. Мумкин, ки яке аз сабабҳо ин бошад, ки гузаштагони бузурги мо ҳар кореро, ки ба анҷом мерасониданд, манфиати шахсиро не, балки манфиати халқу миллат ва ватани хешро дар мадди аввал мегузоштанд. Чаро имрӯз илму техника дар кишвари мо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест? Ба мо лозим аст, ки дар доираи ин ва ба ин монанд саволҳо фикр карда, ба як хулосаи зарурӣ биоем.

 

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир одамият дар саргаҳи ҷаҳони рӯҳӣ ва маънавие қарор дорад, ки дар доираи он фикру зикри ӯ ба таҳаввулу дигаргуниҳои куллӣ мувоҷеҳ шуда, ҳама чиз – аз зарраи хурдтарин то бузургтарин ашёи истифоданамоии инсон, дар ҳолати навшавӣ ва таҷаддуд мебошад. Аз ин рӯ, дар ин раванд илму дониш, ақлу хирад, қавиродагиву устуворӣ, сабру таҳаммул, истеъдоду меҳнатқаринӣ ва дигар арзишҳое, ки инсон бо мақсади пеш бурдани зиндагии хеш эҳдо намудааст, дар мадди аввал меистад.

 

Асре, ки мо умр ба сар мебарем, асри илму техника, ахборот, иттилооти коммуникатсионӣ, иттилоотӣ ва ғайра мебошад. Ин раванд худи инсонро ба он водор месозад, ки ба суръати баланд тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро назорат ва пеш барад.

 

Рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталиф тақозо дорад, ки инсон рӯ ба илму маориф оварда, тамоми дастовард ва комёбиҳои илмиро дар амал татбиқ намуда, ҳамқадами замон бошад. Ҳалли ин масъаларо танҳо инсон метавонад ба амал барорад, яъне дар ин раванд инсон ҳамчун маҳак ва омили асосӣ дар мадди аввал қарор мегирад.

 

Зеро дар ин росто, ягона мавҷудоти рӯи замин, ки соҳиби илму дониш, ақлу хирад ва фаҳму зеҳн мебошад, инсон аст. Танҳо инсон метавонад, ки ҳамчун омили ақливу зеҳнӣ ба пешрафти иқтисодиёт ва фарҳангу ахлоқи ҷомеа таъсири бевосита расонад.

 

Ҷомеаи имрӯза аз ҳар инсон тақозо мекунад, ки худашро ба ҷамъият мутобиқ созад, зеро бидуни ин мутобиқату созиш ва бе ёрии аз худ кардани илму дониш ва ақлу хиради солиму пешрафта инсонҳо дар зиндагӣ ба ягон хел техникаву технология, инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дастрасӣ пайдо карда наметавонанд ва дар ташаккулу рушд бахшидани масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, маърифати техникӣ ва амсоли инҳо муваффақ намегарданд.

 

Дар ин раванд, барои он ки инсонҳо рисолати худро ба таври мукаммал иҷро намоянд, зарур аст, ки нахуст онҳоро барои иҷрои ин вазифа омодаву тайёр кард. Барои он ки инсонҳо ҳамчу мутахассис тайёр шаванд, лозим аст, ки дар навбати аввал, барои онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шавад, пеш аз ҳама, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар сурати иҷрои ҳамаҷонибаи ин амр имкон пайдо мешавад, ки мо аз ҳар фарди ба омӯзиш фарогирифташуда дар оянда олим, донишманд, пажӯҳишгар (муҳаққиқ) ва дигар мутахассиси баландихтисосро дар самтҳои алоҳида ба камол расонем.

 

Бояд зикр намоем, ки садсолаҳо боз халқи тоҷик аз дастовардҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ниёгони хеш дур монда буд. Таърих гувоҳ аст, ки аҷнабиён солҳои тӯлонӣ ба сари халқи тоҷик то андозае зулму истибдодро афзуданд, дар натиҷа ин миллат як андоза аз асолати худ дур ва аз гузаштагони хеш бехабар монд, яъне пурра канда шуд. Маҳз ҳамин кандашавӣ ва дурӣ аз асли хеш буд, ки халқи тоҷик аз илму маърифат, фарҳангу маданият ва тамоми дастовардҳои илмиву таҳқиқотии пешомадагони худ бенасиб гашт.

 

Имрӯз вақти он расидааст, ки дар навбати аввал, мо бояд рӯ ба таърихи гузаштаи хеш биёрем, беҳтарин бозёфтҳо ва дастовардҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии беназиру безаволи халқи хирадманду кӯҳанбунёди хешро омӯхта, баъд аз мавриди таҳлил қарор додану хулосаҳои амиқу дақиқ баровардан, онҳоро дар раванди бунёд ва сохтмони давлату давлатдорӣ ва зиндагии шоистаи халқи хеш самаранок истифода намоем.

 

Бамаврид аст, қайд намоем, ки дар мавзӯи омӯзиши таърихи халқу миллати хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда бошанд ҳам, илова бар ин, дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и худ бисёр нуктасанҷона ва хирадмандона зикр кардаанд, ки «Омӯхтани руйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корнамоҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон боифтихор дар бораашон ҳарф занем».

 

Айни замон халқи тоҷик дар вазъияте умр ба сар мебарад, ки ҷаҳон саросар аз хатар, ҷангу низоъ ва муноқишаҳост. Имрӯз миёни қавму миллатҳо зиддиятҳои оштинопазир идома дошта, инсонҳо ва миллатҳои мухталиф бар зидду зарари ҳамдигар мубориза мебаранд.

 

Бо ин ҳама, мо шукргузорем, ки имрӯз халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ, ваҳдату якдилӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди хушбахтӣ, ки пай дар пай насиби мардуми Тоҷикистон гардида истодааст, зиндагӣ доранд, ҳарчанд ин хушбахтиву комгориҳо ба табъи дили бадхоҳон ва душманони миллати тоҷик мувофиқ нест. Бояд афзуд, ки ин осудагӣ, оромӣ, хушбахтӣ ва монанди инҳоро Офаридгор баъди ҳазор сол ба халқи тоҷик тавассути роҳбари оқилу доно, хирадманду адолатпарвар ато намуд.

 

Имрӯз ҳама пиру ҷавон хуб медонанд, ки маҳз бо меҳнатҳои шабонарӯзӣ, бо талошу заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизи мо – Тоҷикистон бар мабнои ғояҳои худшиносии миллӣ, бунёдкориву созандагӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, истиқлолияти давлатӣ, озодӣ ва дигар арзишҳои волои инсонӣ истеҳком ёфта, дар зери ҳимояи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Дар шароити ҷомеаи муосир, моро зарур аст, ки Консепсия ё Барномаи махсуси илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони баландпояи илм ва пажӯҳишгаронро таҳия намоем. Консепсия ё Барнома ба мо имконият медиҳад, ки ҳадафи стратегии самтро муайян карда, баҳри амалӣ намудани он фаъолияти соҳаҳоро ба роҳ монем.

 

Дар вохӯрии навбатии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар омадааст, ки олимони Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бояд омӯзиши масъалаҳои педагогикаи муосирро таҳия намоянд. Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ба илмҳои педагогика ва психология таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда нашуда истодааст.

 

Ин ба он оварда расонида истодааст, ки илмҳои педагогика ва психология рӯз ба рӯз аз маориф ва умуман, аз таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар канор мондааст. Агар чунин ҳолат ислоҳ нашавад, ё ин масъала роҳи ҳалли амалии худро наёбад, дар ин самт моро мушкилиҳои зиёде мунтазир аст. Ин аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо то ҳол масъалаи рушди ғояи асосии таълиму тарбияи миллӣ, маорифу мактаб, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ роҳу равиш ва тарзу усулҳои фаъоли тарбия ва таълиму тадрис, таҳлилу таҳқиқ дар асоси педагогикаи сирф миллӣ дар ҳаёти имрӯза роҳандозӣ карда нашудааст. То ҳол дар кишвари мо дар тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар аз рӯи нишондодҳои педагогикаи пешин, яъне давраи Шӯравӣ корбарӣ мешавад. Дар давраи ислоҳот, ки ҳоло ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад, ба ин паҳлуи масъала низ бояд диққати ҷиддӣ дода, зина ба зина ҳаллу фасл карда шавад. Дар ҳаллу фасли масъалаи мавриди назар китоби академик Муҳамадулло Лутфуллозода таҳти унвони «Педагогикаи миллии халқи тоҷик», ки дар Осори педагогӣ, ҷилди 6. – Душанбе, 2015 – 704 с. интишор шудааст, метавонад нақши калидиро бозад.

 

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо ба он равона карда истодааст, ки дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ технологияи муосирро истифода намояд ва тавассути он дар навбати аввал, тафаккури аҳолӣ, ба вижа ҷавононро, ташаккул ва рушд дода, мақсади чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишварро дар солҳои наздик амалӣ гардонад.

 

Вазъи илми тоҷик имрӯз нигаронкунанда буда, барои ҳаллу фасли дурусти он тадбирҳои зарурӣ андешидан шарт ва зарур аст. Масалан, имрӯз дар ҷомеаи мо аз рӯи аксар ихтисосҳо мутахассисони дараҷа ва унвонҳои илмидошта норасоӣ дошта, ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва хеле муҳимме, ки дар назди илми тоҷик истодааст, тайёр карда ба камол расонидани мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошад.

 

Пешвои миллат муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта ҷавонони кишварамонро гаштаю баргашта ба омӯзиш ва фарогирии илму технологияи замони муосир таъкид менамоянд. Аз ҳамин нигоҳ, бо пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати азхуднамоӣ, омӯзиш ва такмил додани илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ солҳои 2020-2040 солҳои омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар кишвар эълон гардид.

 

Яке аз ишколот ва монеаи асосии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар он мебошад, ки мо мутахассисони ояндаро, ки бояд аз оила оғоз намуда, дар боғча ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ зина ба зина тайёр намоем, то кунун роҳандозӣ нашудааст.

 

Дар шароити ҷомеаи муосир дар ҷумҳурии мо масъалаи мазкур қариб, ки ба ҳоли худ вогузор карда шудааст. Дар солҳои охир ба масъалаи мазкур аз ҷониби сохторҳои дахлдор таваҷҷуҳи зарурӣ равона карда нашуда, ба як низом ва тартиби муайян ба роҳ монда нашудааст. Аз ин ҷост, ки бо мурури вақт камбудиҳо ва норасоиҳо аз худ дарак медиҳанд.

 

Оид ба масъалаи матраҳшаванда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии навбатии худ бо зиёиёни кишвар чунин изҳори ақида намуданд: «…дар баъзе самтҳои илм шумораи кадрҳои дараҷа ва унвонҳои илмидошта нокифоя буда, аксари муассисаҳо ба ходимони илмии болаёқат ниёз доранд. Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва ташкилоту корхонаҳо метавонад шоҳиди арзёбии вазъи таъминоти кадрии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии кишвар бошад».

 

Дар ҳақиқат, вақти он расидааст, ки раванди рушди илму маориф пурра таҷдиди назар карда шуда, роҳу равиш, тарзу усул ва воситаҳои техникиву технологӣ аз диди нав, яъне ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳлил, таҳқиқ ва мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар шароити ҷомеаи муосир, хушбахтона, шумораи зиёди ҷавононе ҳастанд, ки ба қадри илму дониш мерасанд, шавқу ҳавас ба техникаву технология доранд, бо барномаҳои компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ шинос мебошанд, истеъдоди кашф ва ихтироъ карданро доранд. Барои онҳо танҳо шароити зарурӣ лозим асту бас.

 

Имрӯз олимон ва донишмандони ҷумҳурӣ бояд бештар аз ҳарвақта кӯшиш ба харҷ дода, ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар ҳама сатҳу зинаҳо босифаттар намоянд. Дар навбати аввал нишондиҳандаҳо ва омилҳои дар раванди илму таҳқиқотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ созанд. Рушди низоми инноватсияи миллӣ ва роҳу равиши омӯзиш ва азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар намоянд. Чунки сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисони ояндаи соҳаи илм бештар ба ҳамин омилҳо вобастагӣ доранд. Фароҳам овардани шароити мусоид имкон медиҳад, ки дар соҳаи илм ба дастовардҳои боз ҳам хубтару беҳтар ноил гардем.

 

Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки мо аз дирӯз дида боз ҳам бештар меҳнат карда, ба масъалаи тайёр намудани мутахассисони самти илм таваҷҷуҳи зиёдтар зоҳир намоем. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои илмӣ аз тамоми имкониятҳо истифода ва ҳамаи воситаҳои мавҷударо самаранок роҳандозӣ намуда, заминаҳои моддиву техникии институтҳои таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро таҳким бахшем ва самаранокии фаъолияти онҳоро ба пуррагӣ таъмин намоем.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, мехостем, ки якчанд тавсияҳоро пешниҳод намоем:

 

– ҳар як фарди ҷомеа, ки илму таҳқиқро пешаи худ мекунад, бояд ба илм аз дили пок, сидқан, холисона, беғараз ба манфиати аҳли ҷомеа, аз рӯи мақсади муайян – рушди илм, баҳри Ватан ва халқу миллат машғул гардад;

 

– ҳама дастовардҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангие, ки мутафаккирони бузурги гузаштаи мо ба даст овардаанд, мавриди омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқ қарор дода шуда, баҳри пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон самаранок истифода карда шавад;

 

– аз оила сар карда фаъолияти тамоми зинаҳои таҳсилот, илму маориф ва аҳли ҷомеа баҳри пиёда сохтани ин масъалаи муҳимми миллӣ равона карда шавад;

 

– дар тамоми зинаҳои таҳсилот, сохторҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ шароити мусоид ва замонавӣ барои пеш бурдани корҳои илмиву таҳқиқотӣ муҳайё карда шавад;

 

– дар олимпиадаи фаннии даври хотимавии ҷумҳуриявӣ фанҳои педагогика ва психология дар байни донишгоҳҳои ихтисосҳои омӯзгоридошта аз нав ҷорӣ карда шавад;

 

– нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ихтисосҳои омӯзгорӣ доранд, таҷдиди назар карда шуда, фанҳои педагогика, психология ва усули (методикаи) таълими фанҳои тахассусӣ ҳамчун имтиҳони давлатӣ (ҳозира аттестатсияи хатм) дар нақшаҳои таълимӣ ворид карда шавад;

 

– фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагиро, ки имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд, таҷдиди назар карда, самт ва равияҳои онро ба талаботи замони муосир ҳамоҳанг кардан зарур аст.

 

Қ. АБДУРАҲИМЗОДА,

профессор