Дар асоси нақшаи таҷрибаомӯзӣ соли ҷорӣ мо донишҷӯёни факултети химия ва биология бо роҳбарии омӯзгор Нуралӣ Зардов ба заводи «Нуриҳои нитрогении Сарбанд» (ВАТЗ) сафарбар шудем. Барои ман ва аҳли гурӯҳ ин сафар як ҷаҳони дигареро намоён сохт.

 

Дар он ҷо мо бо сардори коргоҳи истеҳсоли карбамид Рустам Султонов шинос шуда, аз донишу таҷрибаҳои ӯ баҳравар гардидем. Ӯ ба мо донишҷӯён усули истеҳсоли карбамидро дар дастгоҳҳо нишон дод.

 

Сипас, бо гурӯҳ ба коргоҳи омоданамоии аммиак ворид шудем. Дар он ҷо сардори коргоҳи аммиакбарорӣ Ҳайдар Дӯстматов усули истеҳсоли аммиакро ба мо фаҳмонид. Дар ҳоли ҳозир бошад ин завод фаъолият намекунад.

 

Аз рафти таҷриба аҳли гурӯҳ хеле қаноатманд шудем. Шавқу рағбатамон нисбат ба ин касб хеле зиёд гардид. Дар оянда боз мехохем, ки ба чунин заводу корхонаҳои дигари кишвар равона гардем ва таҷриба пайдо намоем. Ҳар кас, агар қарзи ватандории худро иҷро кунад, Тоҷикистони азизамон пеш рафта, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мегардад.

 

Маҳмадалӣ МАҲМАДАЛИЕВ,

донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология