Муқаддастарин мӯъҷиза ва сарвати бебаҳост, ки мардуми мо онро беҳуда аз ганҷи дунё беҳтар нашуморидаанд об аст. Об арзишмандтарину муҳимтарин сарватест, ки тамоми мавҷудоти зинда ба он ниёз доранд ва он ягона қувваи сабзишу инкишоф аст. Норасоии андаки он мушкилоти бузургро ба бор хоҳад овард. Масоили марбут ба об имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, мардуми сайёраро ба таҳлука андохтааст. Яке аз чунин масъалаҳо тоза нигоҳ доштани об маҳсуб меёбад.

 

Масъалаи норасосоӣ ва ифлосшавии об дар ҷаҳон сол то сол мушкилтар ва печидатар гашта истодааст.

Ин мушкилотест, ки мардуми сайёраро боиси нигаронӣ месозад. Албатта об дар зиндагии инсоният аҳамияти бузург дораду бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Аз рӯи нишондодҳои коршиносон тақрибан якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Америкаи Лотинӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Тақрибан дар 80 давлати дунё оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд нест, ки мардуми аз ночори истеъмол намуда, дучори бемориҳои гуногуни сироятӣ гаштаанд. Маҳз ҳамин мушкилоти марбут ба оби мардуми ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Пешвои муаззами миллат, Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» дар арсаи ҷаҳонӣ баромад намуда, якчанд ташаббуси созандаи он хуш пазируфта ва баҳои баланд дода шуд. То имрӯз чор пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба об аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид дастгирӣ ёфтааст. Дар раванди амалисозии иқдомҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005 2015 ва «Об барои рушди устувор» соли 2018 – 2028, дар шаҳри Душанбе борҳо форуму конференсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд қарор гирифта, то имрӯз идома дорад, ки ба воситаи ВАО-и кишвар такрор ба такрор мебинему мешунавем.

 

Ҳарчанд кишвари мо дорои захираҳои ин сарвати бебаҳо бошад, ҳам бояд сарфакорона ва оқилона истифода бурдани обро муҳим шуморем. Тайи солҳои охир бисёре аз низомҳои экологӣ зери хатар қарор гирифтаанд. Дар ҷаҳон тибқи маълумот дар сурати андеша накардани тадбирҳои фаврӣ тақрибан панҷ миллиард одам тахмин 67% -и аҳолии сайёра аллакай то соли 2030 аз оби тоза танқисӣ мекашанд.

 

Хушбахтона, Тоҷикистони мо кишвари сероб буда, яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебеҳои Ватан расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии мост. Хусусан, ҷавононро бояд ба ҳифзи покизагии об ва истифодаи сарфакоронаи он пайваста талқин созем, то ки қиммати онро хуб донанд. Мақсад дарки муқаддасот ва бузургии об аст, ки мо вазифадор ҳастем то ҳар қатраи онро сарфакорона истифода намуда, покизагии обро нигаҳ дорем.

 

Бешубҳа метавон гуфт, ки ин ҳама ташаббусҳои Сарвари давлат тавонистааст таваҷҷуҳи сарони давлатҳои ҳамсояро ҳамзамон созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷаҳониро ба проблемаҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва мушкилоти дастрасӣ бо об ва санитария, ки масъалаҳои доғи имрӯзу фардои инсоният ба шумор мераванд ҷалб намоянд. Барои ҳаллу фасли онҳо дар доираи ин даҳсола тадбирҳои саривақти андешанд.

 

Роҳандозӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки идомаи муттасил барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор маҳсуб меёбад, аз ҳар яки мо сокинони кишвар тақозо менамояд, ки дар тозаю покиза нигоҳ доштан ва истифодаи оқилонаи ин сарвати бебаҳо масъул бошем.

 

Обро на танҳо асоси ҳаёт дар рӯи замин инчунин мӯъҷизаи табиат низ номидаанд. Аз ин рӯ мо ҷавонон итминони комил дорем, ки ба амалисозии иқдомҳои пешгирифтаи ҳукумату мамлакати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳалли мушкилоти дастрасӣ бо об беҳтар мегардад.

«Фурӯғ»