Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995 дар замоне, ки гурӯҳи қудратманде ба ҷои забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зуроварӣ гап мезаданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми табрикотии хеш дар расидан ба орзуву омол, талоши ҳамешагии истиқлолхоҳӣ, озодиҷӯӣ ва сарфарозии миллат нақши беандоза доштани забонро таъкид карда, бо боварии комил қайд карда буд, ки «Забони модарии мо, имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа мусоидат кунад».

 

Аҳамияти волои Истиқлолияти давлатӣ дар он аст, ки забони хонаводагию кӯчагиро ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва умумифорсӣ табдил дод. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва нишон яке аз рукнҳо ва рамзҳои муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама ба забони давлатӣ ва мақому манзалати он ҳамеша диққати ҷиддӣ дода, ба рушди он ғамхории беназир зоҳир менамояд.

 

Ба куллӣ дигар шудани сохтори давлатӣ, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмиллалӣ ва ҷомеа тақозо менамуд, ки Қонуни забон такмил ёбад ва пас аз соле чунин ҳам шуд. Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (05.10.2009, №533), забони тоҷикӣ аҳамияти стартегӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро боло бардошт.

 

Қонун 7 омили муҳими рушду инкишофи забонро таҳким бахшид:

 

-дар қаламрави Тоҷикистон забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ онро на танҳо забони адабию бадеӣ, балки забони илм ва расмию коргузорӣ гардонд;

 

-ҳар як шаҳрванд вазифадор гардид, ки забони давлатиро донад ва озодона аз он истифода бурда тавонад, ки ин доираи омӯзиш ва корбурди онро афзуда, боиси инкишофаш гардид;

 

-дар навбати худ давлат барои омӯзиш, истифода, интишору инкишофи забон шароити мусоид фароҳам оварда, таъмини ҳимояи онро бар ӯҳда гирифт;

 

-тамоми корхона, муассисаву ниҳодҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ба ҷуз мақомоти махсус, вазифадор карда шудаанд (моддаи 3, банди 4), ки барои омӯзиши забони давлатӣ ва такмили забондонии ҳайати кории худ новобаста аз вазифаю мансабашон шароити мусоид фароҳам оваранд.

 

Имрӯз забони тоҷикӣ, забони мукаммал ва қонуну санаднигорӣ гардидааст, вале акнун ба сифати ҳуқуқӣ, лингвистӣ, мантиқӣ ва амалию техникии санаду қонунҳо аҳамияти бештар додан зарур аст.

 

Сарвари мамлакат ва аҳли зиёи кишвар кӯшиши зиёд мекунанд, то забони тоҷикӣ, забони илм шавад, зеро ин аҳамияти бузурги назариявию амалӣ дорад. Албатта, ин ҷо саҳму мақоми суннатҳои хаттиамонро ёдовар бояд шавем, ки ба шарофати таърихи бою ғанӣ ва камназир даштанашон имрӯзиён метавонанд, саҳифаҳои гузаштаи қадими худро варақ зананд. Ин моро вазифадор менамояд, ки беҳтарин анъанаҳои илмии ниёгонро идома диҳем, пойдор гардонем ва рушд бахшем, зеро ки дар мамлакати тозаистиқлоламон барои ин тамоми шароитҳо фароҳам омадааст.

 

Мо аз ҳар се давраи таърихии ташаккули забонамон садҳо асарҳои илмии асрҳои қадиму миёнаро медонем, ки маҳз бо ҳамин лафз китобат шуда, бархе то ин замон расиданд ва бисёр гуворост, ки имрӯз ҳам олими тоҷик андешаву тахайюл ва ихтирою кашфиёташонро бо ин забон метавонад манзур кунанд.

 

Ҳар як муҳаққиқ баробари ихтисосу ислоҳоти он бояд забон ва баёнро низ хуб донад. Дар олам наметавон забонеро дарёфт, ки танҳо бо имконияту ғановати дохилии хеш ба соҳибзабононаш хизмат мекарда бошад. Забони мо аз оғози пайдоишаш то имрӯз, ҳатто дар айёми мураккабтарини таърихӣ вазифаашро сазовор адо намуда, мояи ифтихор будаасту ҳаст.

 

М. НАЗАРОВ,

омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ