Зина ба зина вусъат пайдо кардани паҳлуҳои варзиш ва дар ин замина афзудани шумораи донишҷӯёну устодони ин соҳа аз ташаббусу сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

 Имрӯз Ҳукумати кишвар нисбати рушди варзиш дар тамоми муассисаҳои таълимии миёна ва олии мамлакат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст. Нобиғаҳои ватание, ки дар намудҳои варзиши гуногун дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ месозанд, насли ҷавонро рӯҳу равони тоза мебахшанд. Ҳамаи ин аз он маншаъ мегирад, ки таърих ва тамаддуни варзиши тоҷик хеле қадимӣ буда, ҷавонон имрӯз ба варзишгарони нотакрори миллат пайравӣ намуда истодаанд.

 

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери таваҷҷуҳи бунёдкоронаи Пешвои миллат тамоми соҳаҳои давлат ба сӯи рушд қадам ниҳоданд, ки дар ин баробар самти варзиш низ густариш ёфта истодааст. Бо кӯшишу заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокоронаи устодони соҳаи варзиш дастаҳои яккачин аз тамоми намудҳои бозиҳои варзишӣ таъсис ёфта, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд. Ҳамаи ин кӯшишҳо, обрӯ ва нуфузи сарзамини моро дар миқёси ҷаҳон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардонидааст.

 

Баҳри ривоҷ бахшидани соҳаи варзиш соҳибкорони ватандӯст низ муассисаҳои таълимиро бо майдончаҳои варзишӣ дар саросари кишвар сохта ба истифода қарор доданд. Роҷеъ ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қадамҳои устувореро дар бунёди майдонҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо гузошта истодааст.

 

Чунин ташаббусҳо аз роҳҳои тақвият бахшидани пойгоҳи моддӣ ва техникии соҳаи варзиш огаҳӣ месозад. Ҷараёни тайёр кардани мутахассисони баландпояро дар соҳаи варзиш яке аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат нисбати ҷавонон метавон маънидод намуд. Маълум аст, ки пешравии ҷамъият ба тайёр намудани мутахассисон талаботи нав ба нави муҳимеро пеш мегузорад. Варзиш барои инсон, ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманд байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.

 

Дар ҳама давру замон варзиш ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ дар таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона гардидааст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

 

Вобаста ба ин матлаб ва андешаҳои дар боло баёншуда, метавон гуфт, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар замони Истиқлолият густариш ёфта истодааст. Бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ва пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.

 

Ҳалим ШАРИПОВ,

омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ