Дар ҷаҳони муосир масъалаи об сол то сол мушкилтар ва печидатар гашта истодааст. Ин мушкилотест, ки мардуми сайёраро боиси нигаронӣ месозад. Албатта об дар зиндагии инсоният аҳамияти бузург дораду бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад.

 

Аз рӯи нишондодҳои коршиносон тақрибан якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Америкаи Лотинӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Тақрибан дар 80 давлати дунё оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд нест, ки мардум аз ночорӣ истеъмол намуда, дучори бемориҳои гуногуни сироятӣ гаштаанд.

 

Арзишмандтарину муҳимтарин сарват, ки тамоми мавҷудоти зинда ба он ниёз доранд, оби ошомиданӣ маҳсуб меёбад. Дуруст аст, ки норасоии андаки он мушкилоти бузургро ба бор хоҳад овард. Масоили марбут ба об имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, мардуми сайёраро ба таҳлука андохтааст. Яке аз чунин масъалаҳо тоза нигоҳ доштани об аст.

 

Чуноне дар урфият мегӯянд,дар ҷое, ки об вуҷуд дорад, бешубҳа нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Аз ин рӯ, мебояд нисбати арзиши ин ганҷи бебаҳо эҳтиромона рафтор намоем. Обро асоси зиндагонӣ ва ҳаёт номидаанд, зеро бе об инсон вуҷуд дошта наметавонад. Об пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад.

 

Бисёрии олимон бар он назаранд, ки масъалаи норасоии об дар дунё вуҷуд надорад, балки истифодаи ғайримақсадноки он боиси ташвиш аст. Кишварҳое, ки захираҳои обии бузург доранд Бразилия, Россия, Канада ва Тоҷикистон мебошанд. Масъалаи норасоии оби тоза ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар миёнаи асри XXI низ ҳамоно чун масъалаи муҳимтарини глобалӣ боқӣ мемонад.

 

Маҳз мушкилоти марбут ба оби мардуми ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» дар арсаи ҷаҳонӣ баромад намуданд, ки якчанд ташаббуси созандаи он хуш пазируфта ва баҳои баланд дода шуд.

 

Хушбахтона, Тоҷикистони мо кишвари сероб буда, яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебеҳои Ватан расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии мост.

 

Ҳарчанд кишвари мо дорои захираҳои ин сарвати бебаҳо бошад, ҳам бояд сарфакорона ва оқилона истифода бурдани обро муҳим шуморем. Хусусан ҷавононро ба ҳифзу покизагии об ва истифодаи сарфакоронаи он пайваста талқин созем, то ки қиммати онро хуб донанд. Мақсад дарки муқаддасот ва бузургии об аст, ки мо вазифадор ҳастем ҳар қатраи онро сарфакорона истифода намуда, покизагии обро нигаҳ дорем.

 

Роҳила ҚАНДАҲОРОВА,

магистри соли дуюми факултети химия биология